Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
монед, ба ҷон шумо кӣ кор мекунад? Умаров аз кор рафт, Мӯҳсинзода бемор. Фақат чор кас мондаем-ку.
То Ҳафизаро аз аспи якравӣ фаровардем, шамоли барфолуд ба бӯрон табдил ёфта, шаби бадҳайбат ҳукмрон гашт. Духтари бакадрасида бо кӯчаҳои каҷукилеби хилват чӣ тавр ба ҳавлии дур меравад? Боз як муаммои нав зам шуд.
— Хайр, майлаш, даромада дар диванча хобед, субҳи барвақт ба хонаатон меравед, — маслиҳат додем.
Муҳаррамҷон саҳифаи хондашударо бошитоб ба матбаа бурд. Гурриши шамол торафт авҷ гирифта, доди дару тирезаҳоро медод. Кабинет ҳувас мекард. Барои гарм кардани печка қоғази бекора ҳам намонда буд. Ҳафизаро аз хунукию гуруснагӣ хоб набурдааст магар, ҳамроҳи Шарафнисо ба ҷустуҷӯи ҳезум баромадааст.
Аз беруни дар қоҳ-қоҳи онҳо ба гӯшам расид. Ҳайрон шудаму берун баромадам. Ҳафизаю Шарафнисо ва Наҷминисо Муҳаммадҷонова дар атрофи як тахтаи хоколуде рост истода механдиданд. Маро дида, қоҳ-қоҳи онҳо баландтар шуд.
— Худаш чӣ тап, ин қадар механдетон? — пурсидам.
— Мо дузд шудемӣ ва шаб маҳтоб! — гуфт Наҷминисо бо овози баланд, аз ханда базӯр худдорӣ намуда.
— Чӣ шудааст?
— Аз ҳеҷ ҷой ҳезум наёфта, тахтаи кӯпруки вайронаро дуздида омадем. Ба ин ҷо омада бинем, бетон барин кадом як чизи сахт будааст.
— Наход аз вазнаш ҳам нафаҳмида бошетон?
— Аз саросемагӣ вазнаш ҳам ба назарамон нанамудааст...
Маҷбур шудем аз архив картону подшивкаҳои кӯҳнаро бароварда, печкаро тафсонем. Кабинетро дуди ғализ фаро гирифта, кӯқнорҳонаро ба хотир меовард. Чароғи лампае, ки шишааш аз банкаи консерв буд, хира месӯхт. Баъд аз дуд равшании вай хиратар шуд, ки гӯё аз ҷои дур лаҳҷаи алав ба назар мерасид. Яке дар диванчаю дигаре дар стул, яъне ҳар кас дар ҷон нишасташ ганаб мекард.
Ҳанӯз ним соат нагузашта, дар дасташ саҳифа, Муҳаррамҷон пайдо шуд.
— А, ин қадар дуд? Дар ин ҷо ҳеҷ кас ҳаст? — чашмонашро молид Муҳаррамҷон, дарро калонтар кушода, — Муаллим, саҳифабанд Самарнисо мегӯяд, ки то омада, латифа гуфта нашинанд, саҳифаро намебандам. Дар ҳақиқат адову абгор шудааст. Кор кардаравон пипак

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё