Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

фаъоли колхози ба мамлакат машҳури Коминтерн ба ҳисоб мерафт. Дар меҳнат ибрати дигарон буд. Ягон кори ҷамъиятне набуд, ки иштироки вай набудаш. Супоришҳои вазнинтаринро ба ӯ месупоридем.

Боре поси шаб дари боғ бошиддат кӯфта шуд. Як қад парида аз хоб хестам ва дар болои ҷойгоҳ нишаста, гӯш ба қимор истодам. Бедорам ё хоб? Дари боғ бори дигар кӯфта шуд. Ҷомаи нимдошти беқасабамро ба китфам партофта, ба сӯи дар давидам.

— Аз хоб бедор кардам? — шунида шуд овози шинос ҳанӯз ба дар наздик нашуда. — Мебахшед, дар бевақтӣ шуморо ташвиш додам. Аҳвол бад, ба сой сели калон омада, мардуми бригадаҳои якуму дуюм, сеюму чорумро ба ташвиш андохта истодааст. Ҳама аз хонаҳо баромадагӣ, ба чизучоракашонӣ овораанд. Об на фақат ба хонаҳо, балки ба пахтазорҳои бригадаҳои лаби сой ҳам таҳдид мекунад. Ба раису партком хабар додем. Дадобой-оқсаққол, Қобул-саркор, Солеҳбой-амак, Ҳакимҷон-саркор, ҳама дар лаби сой. Пеши обро нагирем, сел ҳамаро нобуд мекунад, ҳосил барбод меравад. Қурбон Эрматов, Тоҷибой Комилов, Алӣ Рустам, Иброҳим, Эргаш ҳам ҳозир меоянд. Ҳоҷибой-қаровул хона ба хона хабар карда гаштааст.

Ман зуд либоси коринамро пӯшидаму ҳамроҳи Акрамҷон ба идораи колхоз рафтем. Бо ду аспу се велосипед комсомолон ва колхозчиёни атрофро аз воқеа хабардор намудем.

Бо вуҷуди он ки ҳодиса нисфишабӣ сар зада буд, лаби сой пур аз одам гашт. Зану мард, пиру барно бар зидди сели ваҳшӣ остин барзаданд. Ҳашари фавқулодда ба ҷанги обу одам табдил ёфт. Дар қатори паҳлавонони номӣ комсомолон Қурбон Эрматов, Алӣ Рустам, Нурулло Холматов, Эргаш Назаров, Тоҷибой Комилов, Рустам Исмат, Неъмат Карим ва дигарон дар пешхатти ин «фронт» мерафтанд.

Сар то сари лаби сой, махсусан, роҳҳои обдароро маҳкам кардан зарур буд. Барои ин баъзе дарахтҳоро буриданд, каллаки тут, кундарешаи дарахтон, сангҳои калонро кашонидан ва тамбаю пешбандҳоро бо шитоб сохтан лозим омад. Бо замбару лингаҳо хоку шағал мекашониданд, даҳ-дувоздаҳ кас бо шитоб чим мекарданд. Афсӯс, ки дар ҷое пешбанд месоҳтанду ҷоеро об мебурд.

Бастани ҷӯе, ки аз сой ба пахтазори бригадаи панҷум ҷорӣ мегашт, хеле душвор буд. Се маротиба бастанду се маротиба об зад. Дафъаи чорум ҳам ҳамин хатар

пешина
аз 323
навбатӣ