Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
таҳдид мекард. Об хеле дам шуда буд. Пешбанди сохта лиққида меистод. Ана, ҳозир... ҳозир вайрон мешаваду оби ниҳоят калон зада мегузарад. Ҷавони ҷасур ва нотарс Акрамҷон тахтапушти васею пурзӯрашро ба пешбанд чафс карда ду пояшро ба кундани дарахти бед гузошта, фарёд мезад:
— Аз ин тарафаш партоед! Ба ин сӯяш партоед! Вазнин-вазнинашро биёред! Ҳо, вай решакундаро монед! Тезтар! Тезтар!
Дар ин ҷо хатар бартараф шуду аз болотар Дадобой-оқсаққол фарёд кард:
— Ҳама ба ин тараф биёед! Тезтар!
Гурӯҳи ҷавонони Акрамҷон тирвор давида рафтанд. Хавфи он ҷо аз аввала бадтар буд. Ба ҳай-ҳай нигоҳ накарда, аз пешбанд як санги осиё барин об зада гузашт. Қариб монда буд, ки тамоман вайрон шаваду гӯзаҳон ба шонабанди наздикшударо рӯфта равад. Барои ҳамин Акрамҷон худро ба ҷараёни тези об ҳаво дод ва бо пайкараш роҳи обӣ задаро дошт. Ӯ дақиқаҳои бисёре ба ҳуҷуми ваҳшиёнаи оби сел тоқат кард. Фақат ҳангоме ки ҳашарчиён бо чаққонии беҳамто ба пешбанд қабати дуюм сохтанд, Акрамҷон аз об баромад. Аз об баромаду... ба дарахти дар наздиктар буда такя карда монд. Ӯ аз ҳол рафта буд. Сангу чӯб бисёр ҷои баданашро харошида, кабӯд кардаанд. Аз чанд ҷои баданаш хун мешорид...
Ин лавҳаест аз ҷасорат ва шуҷоати паҳлавони сойчагӣ. Ба корномаҳое, ки ӯ дар ҳашарҳои комсомолӣ, сохтмони канали калони Фарғона, бригадаҳои зарбдори комсомолӣ нишон додааст, ҳоҷати баён нест.
Мана, яке аз фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Акрамҷон бо писарони арзандаи миллатҳои гуногуни Ватани паҳноварамон китф ба китф истода, мили милтики худро ба сӯи душман рост намудааст.
Таркиши снарядҳо, хушт-хушти беороми тирҳои душман хуни Салими Садкораро ба ҷӯш меорад. Ӯ худро тамоман одами дигар ҳис менамояд. Акнун ӯро раҳму шафқат не, хашму ғазаб, кинаю адоват ба ташвиш меоранд. Ӯ монандӣ шери бахашмомада, дандонҳои калон-калони сафедашро гичиррос занонда, беором тир холии мекунад, сагони девонашудаи фашистиро маҳв месозад.
— Хӯш, қассоб, одамро ҳам куштан мумкин будааст? — пурсид яке аз ҳамьярокони Акрамҷон, ки аз сӯҳбати аввала огоҳ гашта будааст.
— Ҳа, ҷӯраҷон, мумкин будааст. Ҷанг ҳамин хел будааст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё