Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ки душман ба назарат ҳайвони дарранда барин менамудааст, — тирҷои милтикашро бо тир пур карда истода илова намуд Акрамҷон, — дили кас намешавад, ки сагро андозад. Аммо душманро... Рӯзе дари боғамон кӯфта шуд. Бароям, Қобил-саркор. «Ҳа, саркорбобо, марҳамат. Чӣ хел шамол парронд?» — гуфта пурсидам. «Ду саги лаънатӣ, — гуфт саркорбобо, — дар пахтазор бозӣ карда, ғӯзаро тамоман расво карда истодааст. Ҳозир милтикатро бароварда андоз». Милтикамро баровардам. Аммо ҳарчанд кардам, ба андохтан ҷуръат накакардам. «Ту ҳам ман одаму қурбоққа ҳам махлуқ гуфта гаштӣ-дия, милтикаро ба ман деҳ!» гуфту милтикаро аз дастам кашида гирифта, сагҳоро шарти-шарти андохт. Як саг пой накашида мурд. Бинем, саги худи саркор будааст. Соҳиби саркат эътиборе надода бошад ҳам, дили ман сӯхта буд. Ана, акнун, бинед, ки одам ба душман чӣ тавр бераҳм мешудааст...

Ба муқобилияти мо нигоҳ накарда, душман ҳуҷум паси ҳуҷум мекард. Вай тиру туфангро дареғ намедошт. Ғурриши танкҳояш низ ба гӯш мерасид. Хавфи зада пеш гузаштани душман таҳдид мекард. Ҷангҷӯрони мо ассобӣ мешуданд. Вале на барои он ассобӣ мешуданд, ки онҳоро марг таҳдид мекард. Барои он диққат мешуданд, ки командирон ба ҳуҷуми ҷавобӣ иҷозат намедоданд. «Бигузор душман ҳуҷум кунад, аз вақт истифода бурда, тутӣ хасак барин резондан даркор. Беҳолу бедармон мешавад, мағлуб кардан осон мегардад» мегуфтанд онҳо.

Аз субҳ то шом душман чандин маротиба ба ҳуҷум гузашт. Аммо ҳар навбат ҳам даҳҳо нафар талаф дода, ба мавқеи пештараи худ баргаштанд. Миномётчиёне, ки ба ёрии мо омада буданд, гитлерчиёни гурезонро замин мегазонданд. Ҳамин тариқ, фашистон хеле бемадор гаштанд.

— Ана, акнун фурсати қулай ба ҳуҷум гузарӣ расид, — гуфт командири батальон командирони ротаю взводҳоро ба хандаке ҷамъ намуда, — мо бояд ҳамон баландиро ишғол кунем. Лекин вақт надиҳем, ки душман қувваи иловагӣ гирад. Ҳозир хеле бемадор шудааст. Ба сигнали шартӣ мунтазир бошед!

Гумбурроси заминларзони тӯпҳо аз саршавии ҳуҷум хабар дод. Ба сари гитлерчиёни лаин борони тирҳои тӯпу миномётҳо борид. Дар зери оташфишонии тӯпу миномётҳо ротаҳои тирандозӣ ба пеш ҳаракат карданд. Пешоҳангҳо ба хандақҳои душман зада даромада, солдатҳои яккачини гитлериро қир карданд ва ба ҷангвَ-

пешина
аз 323
навбатӣ