Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамагӣ понздаҳ ё бист дақиқа нагузашта «Катюша»-ҳо ғоиб шуданду ҷои онҳоро танкҳои бисёри «КВ» гирифтанд. Аз паси онҳо автоматчиён баромаданд. Аз ду паҳлӯ пӯстинҳо дар бар, савораҳои диловар саф оростанд. Аспиҳои онҳо беором пой кӯфта гӯё маътали фармон буданд. Ҳуллас, ҳама тайёр, гӯш ба кимор. Ҷанговарон ҳамдигарро ба оғӯш мекашиданд, мебӯсиданд, ғалаба орзу менамуданд.

Фурсати интизорӣ расид. Баробари он, ки мушаки шартӣ ба осмон баромад, савораҳо ба аспҳояшон тозиёна заданд, танкҳо баробар пеш давиданд, аз паси онҳо автоматчиёну тирандозон, пулемётчиёну миномётчиён — ҳама баробар ба пеш ҳаракат карданд. Тамоми фронт чун сели калон, ба ҳаракат омад.

Душман дар масофаи ҳаштсад метр ҷойгир буд. Вале шермардони мо чанд километр пеш рафта, нусхаю нишони онҳоро ҳам надиданд, зеро борони тири артиллерияи тавонои мо тамоми истеҳкомҳои душманро ба хоку туроб табдил доданд. Замин гӯё шудгор шуда буд. На пастӣ буду на баландӣ. Аслиҳаи боқимонда он тараф истод, ҳатто мурдаи ягон душман ба назар наменамуд. Хоку туроб гашта буданд.

Душмани асабигашта ба ин ҳама талафот нигоҳ накарда, қадамҳои рустамонаи ҷанговарони моро қафо гардонданӣ мешуд. Аммо ба зарбаи ҳалокатовар тоқат карда натавониста, боз роҳи гурезро пеш мегирифт. Баъд аз чанд рӯзи ҳуҷуми мо ба немисҳо муяссар шуд, ки истеҳком сохта, муқобилияти сахт нишон диҳанд. Аз ин фурсат истифода бурда, қӯшунҳои мо дам мегирифтанд ва ба ҳуҷуми барқвори нав тайёрӣ медиданд.

— Расчёти қафомондаат омад? — ситезаомез пурсид комбат Малинин.

— Одам фиристондам, ёфта натавонист, — гуфтам узрхоҳона сар ҳам карда.

— Худат меёбию тамом! — бо қаҳр гуфт комбат.

— Есть, худам меёбам! — итоаткорона даст ба чакка бурдам.

Дар ҳамин ҳарбу зарби беҳамто як расчёти пулемёти мо қафо монда буд. Зеро пулемётчиёни мо асосан ҷавонони таваллуди соли ҳазору нӯҳсаду бисту се буданд, ки дар соли ҳазору нӯҳсаду чилу ду ҷавон ҳисоб меёфтанд. Пулемётро бардоштан, кашола карда давидан, андохтан, боз кашола кардан... Машаққати бисёр аст ҷанги ҳуҷумӣ барои пулемётчӣ. Иқрор мешавам, ки

пешина
аз 323
навбатӣ