Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
ҳангоми ҳуҷум азоби онҳоро дида, ба танг омада, гирья карда будам.
Қариб шаш километр қафо гашта, расчӯтро ёфтам. Дуи онҳо сабук ярадор гашта будаанд. Фақат сеюмашон «Максим»-ро кашола мекарду дуи дигар лангон-лангон аз қафои вай меомаданд. Гуруснаю ташна, яраҳояшон набастагӣ. Нону консерв додам, гуфтам, ки каме дам гиранд. То онҳо хӯрок карданд, яраҳояшонро бастам. Баъд ба роҳ даромадем. Қариби бегоҳ ба мавқеи аввала расидем. Аммо то омадани мо қӯшунҳоямон ҳуҷуми ҷавобии душманро баргардонда, боз пеш рафтаанд, аз дарё ҳам гузаштаанд. Тирандозии дутарафаи на он қадар тезутунд давом мекард.
— Шумо дар ҳамин ҷо истед, — таъкид кардам пулемётчиёнро. — Ҳо, дар вай бино одам бошад даркор. Ман бояд фаҳмам, ки мавқеи полки мо дар кадом тараф аст. Аз рӯи эҳтиёт мили пулемётро ба ҳамон тараф гардонда, ҳушёр бошед. Мабодо фриҷҳо набушанд. Агар душман бошад, «ура»-гӯён медаветон. Худро вонамуд мекунед, ки мо одами бисёрем.
Тахминан панҷоҳ қадам пеш рафта, бо майоре дучор гаштам, ки гӯшаки телпакаш партофтагӣ, сару рӯяш пури барф, оҳиста қадам зада меомад.
— Рафиқ майор, шумо мавқеи полки...
— А, Ҳоҷӣ? Туй?! — гапи маро бурида фарёд кард ӯ.
— И, Абдусаттор!
Охир, мо кайҳост, ки ҳамдигарро надидаем. Ба замини ин дар маҳалле ва вазъияте вохӯрдем, ки танҳо дар афсонаҳо нақл менамоянд.
— Ба чашмат чӣ шуд? — хавотиромез пурсид Абдусаттор.
— Панҷ шабу панҷ рӯз нахобидаем. Каме дар лаби гулхан нишастаму чашмам ба дард даромад. Торафт бадтар шуда истодааст. Ҳатто нигоҳ карда наметавонам, — гуфтам чашмонамро поккунон.
— Канӣ, рафтем, ҳозир дору кардан лозим, набошад, дардманд шуда мемонӣ, — ба сарой даъват кард Абдусаттор. Бачаҳоро ишора кардам, ки омадан гиранд.
Ба ротаи санитарии Абдусаттор рафтем. Ҷонишини роҳбари қисм чашмамро муолиҷа кард. Пулемётчиёнро ҳам бо хӯроки гарм сер намуданд. Азбаски дар бемаҳалӣ ба хатти якум рафтан хатарнок буд, дар ҳамин ҷо монданро қарор додем. Ҳамон шаб бо Абдусаттор, барои нақли хотираҳо, дар як ҷойгоҳ хоб кардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё