Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Хоҳиши худатон бошад, рафтан мегиред-дия.
— Рафтем?
— Рафтем!
Инҳо ҷавонони колхоз, комсомолон буданд, ки ҳамроҳашон шаш сол кор ва зиндагӣ кардаам. Ташкилоти комсомолии колхози «Коминтерн», ки ман котибаш будам, бо ин фаъолони пургайрат, такягоҳи боэътимоди худ фахр менамуд. Ҳар кадоми онҳо дар ғалабаи сохти колхозӣ саҳми муносиби худро гузоштааст. Онҳо чӣ хеле ки дар фронти меҳнат корномаӣ нишон дода буданд, дар ҷанг ҳам қаҳрамониҳо нишон дода метавонанд. Ҳамроҳи ин шермардон ба адои қарзи гражданӣ рафтан барои ман фахр буд.
Рӯзи дигар дар либоси ҳарбӣ ба идора омадам, ки бо ҳамкоронам хайру маъзур намоям. Ҳамкасбон бовар намекарданд, ки ман ба фронт меравам.
— Ин худат? — ҳайрон шуд Муҳаммадҷон, — ба ростӣ ё шӯхӣ мекунӣ?
— Э, ҷӯра, кор пухтагӣ будаасту дина даматоиро набаровардед-а? — гуфт Аҳмадҷон.
— Ҳар дуи шумо барин, маслиҳат-маслиҳат карда мешинанд-мӣ? — гуфт Эргаш Мӯҳсинзода. — То шумо ба як қарор меоед, ин кас даҳто фрицро замин мегазонанд.
— Мебинӣ, — гуфт Муҳаммадҷон дасташро шоф карда, — аз ту тезтар расида меравам.
— Лекин аз ман пеш намеравад, — хандид Аҳмадҷон.
— Ман вақт надорам. Хайр, дӯстони азиз! — ба оғӯш кашидам ҳамаро.
— Хайр, бародар, сиҳат саломат раву, бо ғалаба баргард!
Поезди мо босуръат таноби заминро кашида мерафт. Аз ҳар як вагони пур аз ҷанговар садои рақатанг-рақатанги чархҳо бо мавҷи суруду чапаку рақсҳо, қоҳ-қоҳи хандаю ҳаё-ҳуи шербачаҳо ҷӯр гашта, сайри калонеро ба ёд меовард. Кас гумон мекард, ки ба ҷанг не, балки ба ягон ҳашари калони умумихалқӣ меравад.
Ҳаракати поезд торафт суст гашта, суруду ҳангома баландтар ба гӯш мерасид. Оҳиста-оҳиста поезд чунон суст гашт, ки ҷанговарон аз вагон фаромада, пиёда мерафтанд ва ё аз як вагон ба вагони дигар мегузаштанд. Ҳамдиёрон шӯхиомез мегуфтанд, ки «ин поезд магар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё