Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
хобонданд. Ҳар навбат вай бо ҳар баҳона аз палата баромада ғайб мезад. Ҳол он, ки духтурҳо ба вай фармуда буданд, ки аз ҷояш наҷунбида хобад.
Ҳамшираи шафқат — духтараки зардаки ҷингиламӯй Зоя аз қаҳр рӯяшро турш карда, боре ба командири взвод Фёдоров шикоят кард.
— Кӣ? Боз ҳамон Анвар? — зери лаб хандида, ба гурӯҳи ҷанговароне, ки дар як кунҷи хандақ ҷамъ шуда, хӯроки гарм мехӯрданд, рӯ овард Фёдоров.— Омада бошад, руст накунед, дӯстон. Магар инҳо камқоранд, ки боз мо ташвиш медиҳем? Анвар, ту куҷоӣ? Баро ба ин ҷо! Тез бош! Ин духтари зеборо маҳтал накун. Қошки худи маро кофта неомад.
Ҷанговарон пикир-пикир хандиданд, аммо дар куҷо будани Анварро нагуфтанд.
— То ёфта надиҳед, ман аз ин ҷо намеравам! — якрави кард Зоя ба девори хандақ такя карда.— Охир, ман ба ҳар як маҷрӯҳ ҷавобгарам. Ҳеҷ ҷой намонда кофтам. Гӯед барояд. Бояд донед, ки ман маҷрӯҳҳои дигар ҳам дорам. Худо медонад, аҳволи онҳо чӣ шуд?
— Аз куҷо медонед, ки ӯ ба ин ҷо омадааст? — пурсид як ҷанговари харобакак писханд зада.
— Медонам. Ба ҳамин ҷо омадагӣ. Он дафъа ҳам аз ҳамин ҷо ёфта будам, — гуфт бо овози бурро Зоя.— Худатон хаёл кунед: ман ба ярадорон хизмат кунам ё аз паси як беинтизом овора шуда гардам? Ин ҷо фронт ё кабутархона? Эркагиашро рафта ба модараш мекунад. Ин ҷоро фронт мегӯянд. Аз ҳама пеш интизом даркор.
— Ҳафа нашав, хоҳарам, ҳафа нашав. Агар дар ҳақиқат гурехта омада бошад, ман ёфта аз пасат мефирисонанд, — ваъда дод командир.
— Не, ин гурезпоро ман худам пешандоз карда, гирифта мебарам,— аз шасташ нагашт Зоя.
— Ӯҳ-ӯ, зӯр-кӯ! — боз айёрона чашмак зада монд ҷанговари харобакак.
— Чим шин ту, хурӯсчаи ношуд! — гуфт Зоя.— Ба ту ҳеҷ кас гап надодааст! Фаҳмидӣ?
— Фаҳмидам, пучуққа! — шакарханд кард ҷанговари харобакак.
— Хуб ҷои ҳазлатро ёфтӣ-дия,— қаҳр карда рӯяшро тофт Зоя.
— Ҳафа нашав, Зояҷон,— тасаллӣ дод командир,— инҳо ба ту пазмон шудаанд. Барои ҳамин ҳам шӯхӣ мекунанд.
— Шӯхӣ ҳам вақт дорад, рафиқ лейтенант,— гуфт

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё