Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Зоя дар ҷавоб. — Як бор гурехт, ба ман огоҳӣ доданд, бори дуюм гурехт, ҷазо доданд. Ана ҳоло бори сеюм! Акнун ҳоли ман чӣ мешавад?
— Диққат нашав, духтари нағз. Ман ҳозир ёфта ба дастат месупорам, — лейтенант мӯи парешони Зояро сила карда, ба ҷанговарон даҳ дақиқа мӯҳлат дод, ки Анварро пайдо кунанд.
Анвар, ки дар қафои дигарон руст шуда меистод, аз фармон огоҳ гашта, зуд гаваккашон ба кунҷи дигари хандак рафт. Хост ба хандаки взводи ҳамсоя гузарад. Командири зирак инро пай бурда, аз паси ӯ шитобид. Анвар аз хандак қариб баромада буд, ки лейтенант аз пои ӯ дошт. Дар ин вақт ба лаби хандак тири миномёти душман афтида таркид. Анвар ва Фёдоров ғарқи чангу дуд шуданд.
Анварро ба занбари санитарӣ хобонда, ба хаймаи ҷарроҳӣ дароварданд. Лейтенант Фёдоров сабукакак ярадор шуда буд. Як бари рӯяшро ба андозаи танга барин дору карда буданд. Ӯ беором тамоку кашида, дар назди чодар қадам мезад. Ҳар замон зери лаб ким-чиҳо гуфта даст меафшонд.
Ба обу арақ ғӯтида, аз палатка Зоя баромад. Хушҳолии ӯро дида, Фёдоров каме хотирҷамъ шуд. Бо вуҷуди ин саросемавор пурсид:
— Зинда мемонад?!
— Одами гандаро бало ҳам намезанад, — ҳазломез гуфт Зоя ва илова кард: — Ба ҳафт ҷои баданаш оҳанпора расидааст. Лекин безарар. Фақат як қабургааш каме фурӯ рафтагӣ барин. Ду ангушти дасташро шояд бурранд. Парвое надорад, гӯё чизе нашудааст.
— Безарар гуфтагет ҳамин-мӣ?
— Безарар гуфтагем, яъне маълул намешавад, — фаҳмонд Зоя. — Зинда монданашро намегӯед, рафиқ лейтенант?
— Рост мегӯӣ, зинда монданаш давлати калон. Медонӣ, вай чӣ хел корнамоиҳо нишон додааст? Агар ман фармондеҳи қисм мебудам, аз ҳама пеш ба қаҳрамонӣ Анварро пешниҳод мекардам.
— Ба қаҳрамонӣ?
— Бале, ба қаҳрамонӣ. Ҷанговарон ҳар вақт ба вай: «Ту мабодо набераи Чапаев набуoshī?» гуфта, ҳазлу шӯҳӣ мекунанд. Худаш ҳам алов-дия, алов. Дар як ҳафта ду ордени Шараф гирифтан ҳунари ҳар кас не, Зоячон. Ду орден-а!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё