Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

шуда монд. Лейтенант Фёдоров хавотир шуда, ҳамроҳи ҳамшираи тиббӣ ба кофтукови Анвар шитобид.
— Ҳой, мана ман дар ин ҷо!
Онҳо овози Анварро шунида, ба сӯи дарахти аз миён шикаста давиданд ва ӯро дида, ба ҳайрат монданд. Анвар сару рӯяш ғарқи хун, дар таги дарахт нишаста, гӯгирд мешумурд.
— Ту зиндаӣ?! — саросемавор пурсид Фёдоров.
— Чин назадааст, — хунсардона ҷавоб дод Анвар.
— Чин надаза будааст! Сахт ярадор шудааст! — гуфт ҳамшираи шафқат афсӯсомез сар ҷунбонда.
— Ҳеҷ гап не, — бепарвоёна чизеро ҷустуҷӯ мекард Анвар, — шохи дарахт харошид. Аблаҳҳо дида монданд-дия...

Ҳамшираи шафқат хунҳои сару рӯи Анварро пок карда истода, ба лейтенант рӯ овард:
— Нисфи гӯшаш нест-ку! Рӯй, баногӯш, сар... оббо, ҷои сиҳаташ намондааст. Хайрият, каллаат саломат.
— Каллаам ҳоло ба худам даркор.
— Бори сеюм аз мурдан мондӣ, Анвар, — гуфт лейтенант. — Ҷонат аз санг ҳам сахт будааст.
— Ман одами сарсахт, рафиқ командир, — ҳазл кард Анвар, — сарам аз пӯлод ҳам сахт. Касе ба сари ман иштиёқманд бошад, аввал сад сар медиҳад.
— Сари садтоашро гиру сар надеҳ, — ба шӯхӣ ҳамроҳ шуд ҳамшираи шафқат.
— Бечуну чаро! — гӯё ягон ҳодисае нашуда бошад, бепарвоёна гуфт Анвар. Ҳамшира ба захмҳояш дору молида докапеч кард. Сонӣ аз багали ӯ гирифта, ба медсанбат бурдаӣ шуд.

— Исто-исто! — Анвар донаҳои гӯгирдро аз нав шумурда, ба Фёдоров рӯ овард: — Кор омад накард, рафиқ лейтенант. Ҳамагӣ сездаҳто. Хеле кам...
— Сездаҳтоаш ҳам кори калон, — хушҳолона гуфт командир. — Бештар аз як отделенияашро қир кардӣ. Ба болои ин вай ҳабдаҳторо ҳам зам кунем, чӣ қадар мешавад?
— Расо сито! — гуфт ҳамшираи шафқат.
— Ҳа, боракалло. Як бар сӣ! Магар ин шӯхист?
— Ба мақсадам нарасидам-дия, рафиқ командир. Ниятамро гуфтам-ку: сари садтоашро нагирам, сар намедиҳам гуфта...
— Ба худи ҳамин ҳам раҳмат, Анвар! Боварӣ дорам, шифо меёбию ана баъд ҳисобатро давом медиҳӣ. Чӣ гуфтӣ, духтари нағз? — ба ҳамшира рӯ овард лейтенант.

пешина
аз 323
навбатӣ