Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Марҳамат. Лекин аз худат ҳушёр бош. Бо душмани зирак ҳазл накун.

— Хотирҷамъ бошед, рафиқ командир. Воқеан, гӯгирд доред?

— Тамоку намекашӣ-ку, гӯгирдро чӣ кор мекунӣ? — ҳайрон шуда пурсид командир.

— Ба ман лозим.

Лейтенант аз кисааш як қуттӣ гӯгирд бароварда доду гуфт:

— Мана, гир. Ман «Катюша» дорам.

Анвар қуттии гӯгирдро кушода, донаҳояшро шумурд. Чилу чор дона! Донаҳоро ба кисаи сари синагии гимнастёркааш андохта, қуттии холиро ба сӯи ҳаво дод.

— Ин чӣ нағма? — ҳайрон шуд лейтенант.

— Ҳар як фриссро аз қатор барорам, як дона гӯгирдро аз ин киса гирифта, ба кисаи дигар меандозам.

— О-о, найрангбоз-е! Ҳисобу китобат зӯр, — ҳазломез илова кард командир: — Агар медонистам, боз як қуттии дигар гӯгирд ёфта медодам.

— Аз рӯи эҳтиёт ёфта монед, шикорам барор гирад, лозим мешудагист, — гуфт нимҳазлу нимҷиддӣ Анвар.— Ман дар фронти Ленинград ҳамин тавр мекардам. Аммо дар он ҷо гӯгирд набуд, гильзаҳои холиро кор мефармудам.

— Чанд гильза ҷамъ карда будӣ?

— Кам... Ҳамагӣ ҳабдахто.

— Ҳабдахто кам аст?

— Барои снайпер кам, рафиқ командир.

— Ин гапат ҳам маъқул. Бигузор ҳисобат ба сад расад!..

Ҷанги мудофиавӣ давом мекард. Гитлерчиён кӯшиш мекарданд, ки ба ҳуҷум гузаранд. Вале ҳар навбат пешоҳангҳояшонро талаф дода, маҷбур мешуданд, ки қафо гарданд.

Ҷанги мудофиавӣ ба Анвар хеле маъқул буд. Аз дасти ӯ фриссҳо сар бардошта наметавонистанд. Ҳамин ки яке сар бардошт, дарҳол дуд аз ҷигараш мебаромад. Ҳангоми ба ҳуҷум гузаштан Анвар аввал командирони душманро ба нишон мегирифт, баъд рост омадагиашро.

Фашистон аз снайпери мумтоз магар бохабар шуданд, ки бо тӯпу миномёт дарахтро ба нишон гирифтанд. Аммо Анвари зирак ҳанӯз аз снаряди якум нияти душманро пай бурда, ҷояшро иваз карда буд. Аз ҷои нав ҳам ҳунарнамоиашро давом дода, баъд аз чанде хомӯш

пешина
аз 323
навбатӣ