Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

оғӯшаш мекашид. Ман гӯё падар ва ё бародари ҳамтани худро дидам, аз чашмонам ашки шодӣ равон гаштанд, дере ҳарфе зада натавонистам. Ӯ ҳам монанда ман беҳад хушнуд гашта буд.

Дӯстам Деҳотӣ борхалтан маро ба китфи чапаш овехтаю бо дасти росташ аз бағали чапи ман гирифта, ба вагони ҳукуматӣ бурд. Баъд аз болои вагон баромадан як қадам пеш гузашта, ба ҳозирон гуфт:

— Мана, шинос шавед, дӯст ва ҳамкасби ман, фалонӣ. Собиқ муҳаррири газетаи «Бо роҳи ленинӣ». Дар ҷанг ярадор шуда, баъд аз табобат боз ба фронт равонанд. Оё ман ба шумо нагуфтам, ки аҷаб не бо шиносҳо ҳам вохӯрем. Аз госпитали шаҳри Пенза сиҳат шуда баромадаанд. Ҳоло ба резерви Сарфармондеҳи Олӣ мерафтаанд.

— Марҳамат, ҳамдиёр!

Мунаввар Шогадоев, Мамлакат Наҳангова ва дигарон низ маро чун дӯсти наздики худ пешвоз гирифтанд.

— Оббо, бачаме, бисёр нағз шуд, ки омадӣ, — гуфт Шогадоев. — Моро хурсанд кардӣ. Канӣ, аз паи зиёфат шавед! — ба дигарон рӯ овард раис.

— Ҳамроҳи шумо аз Тоҷикистон боз буданд? — пурсид Мамлакат.

— Дар аввалҳо буданд, — гуфтам, — баъд аз ярадории якум ман ба курси лейтенантӣ рафтаму дигар надидам. Ба ротаи сибирякҳо фаромадам.

Дере нагузашта, болои мизи калон пур аз меваҳои рангбаранги ҷаннатмаконам, нони хонагӣ, фатири варакин, чойи кабуд, винои Исфисору Истаравшан гашт.

— Гир, бачам, бихӯр. Аз кадомаш хоҳӣ бихӯр. Чанд вақт ин ҷониб меваҳои шаҳратро нахӯрда бошӣ даркор, — гуфт Мунаввар Шогадоев.

— Ба фронт ҳам меоянд. Халтаҳо, тӯҳфаҳо мефиристонанд, — гуфтам, — албатта, он қадар фаровонӣ неку, ба ҳар ҳол ҳар замон мебинем. Ба яке ояд ҳама бо ҳам мебинад.

Дар ҳақиқат, ба фронт аз республикаҳои бародари, шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто аз одамони алоҳида вагон-вагон, қуттӣ-қуттӣ ва дар халҷаҳои алоҳида меваҳо меомаданд. Баъзан намояндаҳои онҳо тӯҳфаҳоро гирифта омада, ба ротаҳо тақсим мекарданд, бо ҷанговарон сӯҳбатҳои гарму ҷӯшон ташкил мекарданд, бо қаҳрамониҳои мардуми ақибгоҳ ошно менамуданд.

Ёд дорам, ба қисми мо намояндагони меҳнаткашони Озарбойҷон тӯҳфаҳо оварда, на фақат бо меваҳои рангбарангу

пешина
аз 323
навбатӣ