Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

шаробҳои ҳархела, балки бо рақсу сурудҳои дилпазирашон мафтун гардонда буданд. Боре аз штаб ба ротаи мо якчанд қуттӣ ғӯлунгу мавиз ва чормағзу шафтолуқок фиристонида буданд. Мо аз хандақ ба хандақ гузашта, онҳоро ба пулемётчиҳоямон тақсим карда будем. Ҳатто халтаҳои алоҳидае мерафтанд, ки ба кӣ буданашон маълум набуданд. Дар рӯи қуттӣ ва ё халта мехонданд: «Ба ҷанговари диловари фронти фалон. Аз оилаи фалончиҳо тӯҳфаи ночиз ва ё хоксорона».

— Мо ҳам ба ҷанговарони фронти Ленинград тӯҳфаҳо мебарем, бачам, — гуфт Мунаввар Шоғадоев, — аз ин пеш ҳам фиристода будем. Ба ҷанговарони Сталинград ҳам мефиристем. Ғайр аз инҳо, бисёр тӯҳфаҳои алоҳидаи колхозу совхозҳо, ташкилотҳо, савғотиҳои шахсӣ ҳам фиристонида мешаванд. Мардуми мо барои фронт, барои ғалаба ҳеҷ чизро дареғ намедорад.

— Оре, аз ҳамаш ҳам тӯҳфаи аҷоиби меҳнаткашони республикаи мо, — ба гап ҳамроҳ шуд Деҳотӣ, — ҳиммати беҳамтои мардум, дӯстам. Ба ҳеҷ як душворӣ илгоҳ накарда, зану мард, пиру барно дар вақтии меҳнатӣ. Ҳама кӯшиш мекунад, ки то метавонад, барои ғалаба ҳиссааш гузорад.

— Дар ақибгоҳ ҳамаи корҳо асосан ба зиммаи зану духтарон мондагӣ, — илова намуд Мамлакат Наҳангова. — Лекин мардонавор кор мекунанд. Бачаҳоро намегӯед-мӣ? Умуман, касе, ки аз дасташ кор ояд ё дар корхона ва ё дар колхоз кор мекунад. Шаба шаб намегӯянд, рӯза рӯз.

— Мо ба соат наменигарем, — ба гап ҳамроҳ шуд коргарзани комбинати абрешим Мараҷабова, — то нормаи ду касро иҷро накунем, аз назди дастгоҳ намемеравем.

— Колхозчиёни мо бошанд, — гуфт раиси исфисорӣ, — торикӣ ба кор мераванду торикӣ аз кор бармегарданд. Мо онҳоро маҷбур намекунем. Худашон мераванд. Мо ҳам ҷанговар, мегӯянд.

— Рост мегӯянд, ақибгоҳ ҳам ба тарзи худ фронтия, — гуфт Деҳотӣ. — Фронти меҳнат мустаҳкам набошад, фронти ҷанг чӣ хел ғалаба мекунад?

— Шӯори ҳама як: Ҳама барои фронт, ҳама барои ғалаба! — гуфт раис.

Сӯҳбати ҳамдинёрон маро хеле шод гардонд. Ман ҳам дар навбати худ аз воқеаҳои ҷанг ва хотираҳои роҳу госпиталҳо нақл карда, ба саволҳои бешумори онҳо ҷавоб додам. Махсусан, Абдусалом Деҳотӣ ба шунидани

пешина
аз 323
навбатӣ