Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
мешуданд. Оре, аз ҳамон лаҳза риштаи дӯстии мо қавитар гашта буд.
Меҳрубонии ҳамдиёрон маро қувваи нав, илҳоми нав бахшид. Тӯҳфа ва саломи онҳоро то пешхатти фронти Сталинград гирифта рафтам.
— Фаромӯш накунед, ки,— гуфтам ба ҳамзероқонам,— мардуми ақибгоҳ ҳам барои ғалаба монандӣ мо меҷанганд!
ВОҚЕАИ ТОҚӢ
Офтоб ғуруб кард. Шом ҳам шуд. Малоҳат ба болои суфа ҷоӣ андохта, ба сари оташдон шитобид. То ки шир надамад, бо кафлес ду-се маротиба бод намуду алави оташдонро паст кард. Дид, ки шир боз медамидагӣ барин, алавро кушт. Сонӣ аз айвон чароғро баровард, шишаро пок карда, даргиронданӣ шуд. Якбора ба хотираш омад, ки алавро кушта буд. «Чаро ман саросема шудам,— гуфт худ ба худ,— гӯгирд нест-ку. Акнун чароғро чӣ тавр дармегиронам?».
Малоҳат бо умед ба сӯи оташдон рафт ва бо оташгирак хокистарро тит кардан гирифт. Алав аллакай ба ангишт табдил гашта буд. Саросемавор ҳезумҳои нимсӯхтаро аз назар гузаронд. Хушбахтона, дар як ходачаи қариб сӯхта тамом шуда, зарраи алавро дида, хурсанд шуд ва ҳамонро пуф-пуф кардан гирифт. Охир муваффақ шуд, ки алавро калонтар кунад ва ба вай хаспораеро дошта, чароғро даргиронад. Шишаи чароғ ҳам аз банкакашиши консерв кафида ва як лабаш шикаста буд. Ҷои шикастаашро худи Малоҳат бо қоғазу шилими зардолу ямоқ карда буд. Аз ин рӯ, равшании кирои надошт. Бо вуҷуди ин, Малоҳат хурсанд шуд, ки ба ҳар ҳол дар торикӣ намемонад. Мебоист ӯ кизаки чаламондаи тоқии дӯхтаистодаашро ба охир расонад. Дар равшании ҳамин чароғ ҳар шаб ӯ тоқӣ медӯзад.
Фотимабону аз саҳро хеле дер баргашт. Малоҳат ҷокашро ба рӯи кӯрпачаи серямоқи қуроқ гузошта, ба пешвози модараш баромад.
— Омадед? Хавотир шудам...— линган пур аз алафро зуд аз китфи модараш гирифт Малоҳат.
— Э-э, маро намегӯӣ,— либосҳояшро афшонда Фотимабону,— бачаякам танҳо монд гуфта, диламро гургон тала карданд. Пахтаҳои мо аз беобӣ пажмурда шуда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё