Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

советӣ ва армияи диловари он қадах бардоштем. Баъд аз қадаҳи дуюм палавро бо иштиҳои том хӯрда, хе-ле чойнӯшӣ кардем. Чои кабӯд. Қариб ду сол ин ҷониб нанӯшида будам. Ростӣ гап чунон кайф кардам, ки худ-ро дар макони худ, дар оилаи худ ҳис намудам.

Сӯҳбати ҳамдиёрон маро мафтун гардонида буд. Кошки фурсат мебуд, кошки соат сусттар мегашт. Аф-сӯс, ки дақиқаҳои ҷудоӣ наздик мерасид. Баъд аз як соати дигар мебоист ман ба поезд савор шавам, ба сӯи шаҳри «Н» равона гардам. Гарчанд ҷудошавӣ аз ҳам-диёрон барои ман хеле вазнин буд, афсӯсхӯрон иҷозат пурсидам.

— Хайр, диgar вақтат набусад, чӣ ҳам карда мета-вонистем, бачам? — гуфт Мунавvar Шогадоев. — Кори ҳарбӣ бошад, вақти ҷанг. Орзумандем, ки ғалаба кун, сиҳат-саломат баргардӣ! Мана, ин тӯҳфаҳоро, — як яшик меваю ду шиша шаробро ба ман дароз карда, да-вом намуд раис: — бо рафиқони ҳамъяроқат бин. Ба ҳа-маи онҳо аз номи мо, аз номи тамоми халқи тоҷик са-ломи самиmӣ расон! — гӯён Шогадоев роҳи сафед тала-бид.

— Мана ин аз ман, барои хотира, — рӯймолчаи на-фиси гулдор бахшид Мамлакат Наҳангова ва шӯхӣомез илова кард: — душман кӯфта, монда шавед, арақи сару рӯятонро пок мекунед.

— Тӯҳфаи ман дигар, ҷӯраҷон, — коғазпеч чизеро ба ман дароз кард Деҳотӣ, — конверт, коғазу қалам. Лавҳаҳои аҷоиби фронтиро навишта мемонед, сиҳату саломат бо ғалаба баргардед, ба китобатон худам му-ҳаррир мешавам.

Бо дигарон ҳам хайру маъзур кардем. Деҳотӣ сав-ғотиро бардошта, ҳамроҳам то поезди дигар рафт ва ҳамроҳи ман ба вагон баромад.

Ҳар ду саргарми латифагӯй шуда, қариб аз занги поезд бехабар монда будем. Ман ӯро то дари вагон гу-селонидам.

— Хайр, ҷӯраҷон, роҳи сафед, — гуфт Абдусалом Деҳотӣ. — Илоҳӣ арвоҳи бобокалонатон Темурмалик ма-дад кунад!

— Аз ман салом ба Тоҷикистон, ба рафиқон, ба дӯс-тон!

— Хайр, дӯсти азизам!

— Хайр, ҷӯраҷон, то ғалабаи комил!

Поезд ба пеш ҳаракат кард. Мо торафт аз ҳамдигар дур мешудем. Вале дилҳои мо бо ҳам торафт наздиктар

пешина
аз 323
навбатӣ