Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҷанг тамом шавад, ҳар рӯз нони орди гандумин мепазем-а?— луқмаи нонро аз як лунҷаш ба лунҷи дигараш гузаронида гуфт Малоҳат.

— Албатта. Нони чаззадор мекунем, фатири равғандор. Додот меоянд, ба пеши пояшон гӯсфанд мекушем, палавҳои серравған мепазем, — гуфт модар, — хешу табор, ёру дӯстон меоянд, хонаамон тӯй барин мешавад...

Азимҷон дар ҷангҳои остонаи Берлин аз як даст ҷудо шудаю аз пояш ҳам захмдор гашта, ба ақибгоҳ баргашт. Аз ин шаҳр ба он шаҳр... охир ба госпитали шаҳри Пенза фуромад. Дар ин ҷо қариб ду моҳ муолиҷа карданд ӯро. Ба меҳрубонии ходимони госпиталь ҳазорҳо раҳмат мехонд.

— Ба ҳамаи шумо чӣ хел миннатдорӣ карданамро намедонам. Афсӯс, ки бо ин аҳвол... — боз ғамгин мешуд Азимҷон.

— Дар рӯзҳои наздик сиҳат шуда, ба хонаатон меравед, — дилдорӣ медоданд ҳамшираҳои шафқат. — Шукр кунед, ки зинда мондед. Ҳазорон одамон ҳалок ва беному нишон шуда рафтанд.

— Ман барои набудани дастам ё маъюбии поям ғам намехӯрам, — мегуфт Азимҷон ба онҳо, — барои он хафа мешавам, ки то рӯзи ғалаба иштирок карда натавонистам. Мехостам фашисти аблаҳро то лонаи охиринаш рафта маҷак кунам, ба болои бомаш байрақи зафарро худам бо дастам овезам. Мана ин буд мақсади ман. Охир, ман аҳд карда будам.

— Ҳа-а, ин тавр гӯед, — хушҳол шуд зани миёнсоли лоғари рангпарида Мария Фёдоровна, — ман гумон кардаам, ки «аз як даст ҷудо шудам, поям маъюб, акнун чӣ кор мекунам?» гуфта дилтанг мешавед. Охир, ҳар рӯз мебинам, ки сукут кардагетон кардагӣ. Чӣ хел карда, дили шуморо ёбам гуфта, дар ташвиш будам. Бемор дилтанг шавад, муолиҷа кашол меёбад.

— Хотирҷамъ бошед, духтур. Ман дар ин бора ғам намехӯрам. Зан дорам. Як духтар дорам, ки чоп даҳ писарро мегирад. Ҳоло дар синфи даҳум мехонад. Ҳам мехонад, ҳам ба саҳро баромада кор мекунад. Аз уҳдан ҳеҷ кор набароям ҳам гурусна намемонам. Охир маро хор намекунанд.— Азимҷон хушҳолона оҳ кашида, бо ғурур давом намуд; —Худо умраша диҳад, зани олиҷаноб дорам. Пештар кор фармудан дилам намешуд. Бечора аз рӯзи ба фронт равона гаштани ман ба саҳро баромада кор кардааст. Боз чӣ хел кор? Стахановчиҳо барин. Ҳар як мактубашро мегираму қабат-қабат

пешина
аз 323
навбатӣ