Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гӯшт мегирам. Духтарам аз модараш мондагӣ надорад. Чунон боакл, чунон чаққон, ки... Хаёл кунам, аз писар ҳам меҳрубонтар мешудааст, духтар. Шумо ҳам духтар доред, Мария Фёдоровна?

— Э, додарам, ягона писар доштам, дар фронти Ленинград ҳалок гардид, — дар чашмони Мария Фёдоровна ашки ғаму андӯҳ ҳалқа зад. — Бисёри бисёр дӯст медоштам, додарам. Қошки дигар касе медоштам! Маҷбур шудам, аз бачаҳои ятиммонда гирам. Ин ҳам писар. Худди Федькаҷони худам барин. Ҳозир калонакак шуда монд. Чорсола буд. Қариб мактабрав шуд.

— Нағз кардед. Ба ҷон писаратон писар-дия.
— Худаш ҳам ниҳоят дӯстрӯ.

— Малоҳати ман ҳам аҷоиб духтар-дия, — гуфт Азимҷон, — худо умраша диҳад, ё олим мешавад, ё ягон ҳунарманди машҳур. Ҳанӯз даҳсола нашуда, таомҳое мепухт, ки даҳон ёбеду хӯред. Боз чевариашро намегӯед. Курта ҳам медӯзад, рӯймол ҳам. Ҳар тоқиҳо медӯзад, ки ҳаваси кас меояд.

— Ин тавр бошад, сиҳат-саломат баргардед, аз тоқиҳои дӯхтааш якто нағзашро ба писари ман мефиристовнед? — шӯхомез пурсид Мария Фёдоровна чашмонашро пок карда истода.

— Албатта, мефиристонам, Мария Фёдоровна! Ба худи шумо ҳам мефиристонам.

— Раҳмат, додарам, ман шӯхӣ кардам. Худи шумо сиҳат шуда, ба назди зану фарзандатон равед, давлати калон ба ман.

Мария Фёдоровна ҳар рӯз як гапи нав ёфта меомаду Азимҷонро шод мегардонд. Баъзан гапи нав ёфта натавонад, худи Азимҷонро ба гап медаровард.

Рӯзе беморашро хеле маҳзун дид. Чӣ бояд кард? Боз сараш ҳам, қавоқаш гирифтагӣ, ҳатто ба гапи ҳамсояаш гӯш намекунад. Ҳоби бад дид магар? Ё дилаш ягон хӯроки дигар мехоҳад? Не, ҳеҷ вақт аз хӯроки госпиталь шикоят накардааст. Гап дар хӯрок ҳам не. Зану духтарашро ёд кардагист. Одам бе ягон машғулият монад, албатта, дар олами фикру хаёл сайругашт мекунад. Агар дар мусофират бошад, пеш аз ҳама диёри худаш, зану фарзанди дилбандаш ба лавҳаи хотираш меоянд. Дар госпиталь будан аз мусофират чӣ фарқ дорад?

пешина
аз 323
навбатӣ