Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Фотимаю Малоҳатам чӣ хел хавотир бошанд? Бечораҳо шабу рӯз чашмашон ба роҳи ман чор, лез тикка кунад, аз ҷояшон часта мехестагиянд. — Дар ҳақиқат ҳамин хел хаёл мекард Азимҷон. — Хӯрду хӯрокашон чӣ тавр бошад? Колхоз ягон чиз медадод бошад? Ё ҳама чизро ба фронт фиристода, кунчораҳӯрӣ мекарда бошанд? Агар говро нафурӯхта бошанд, гурусна намемонанд-куя... Не, Фотима аз таҳи дил кор мекунад, гурусна намемонанд. Сардори звено бошад, обрӯяш ҳам баланд будагист... Малоҳатам чӣ тавр бошад? Мабодо мактабро напартофта бошад? Дар колхоз кор карда истода бошад, чӣ тавр мехонад? Охир як солакак монд-а. Тамом карда, ба институти хоҷагии қишлоқ даромада-нӣ буд. Малоҳат, Малоҳат... Ман ба ту куртаи атласи Марғилон гирифта додагӣ будам. Ҳозир чӣ хел курта пӯшида гашта бошӣ? Чити кӯҳнаи чильямокӣ ё карбосӣ?.. Парво накун, духтарам, ҷанг тамом мешаваду олам гулистон...»

Овози форами ширини шинос Азимҷонро аз сайри хаёли ширин баргардонд. Ӯ аз дари палатка бо ҳаяҷон ва хандон даромада омадани Мария Фёдоровнаи меҳрубонро дида хушёр шуд. Ҳамоно аз дилаш гузаронд, ки духтур имрӯз хабари аз ҳама муҳимтар оварда будагист.

— Шумо «Ман аз Тоҷикистон» гуфта будед-а? — тез-тез нафас кашида пурсид Мария Фёдоровна.

— Ҳа, ман аз Тоҷикистон! — дили Азимҷон бемаром задан гирифт. — Чӣ буд?

— Як сурати аҷоиб баромадааст, — газетаҳои дар бағалаш бударо тит карда як газетаро бароварда саҳифаи дуюмаш нигариста монд Мария Фёдоровна. — Мана бинед, шояд шиносед? Чӣ хел ватандӯстон ҳастанд дар мо!

Азимҷон сурати дар газета бударо дида, беихтиёр фарёд зад:

— Мария Фёдоровна!

— Ҳа, чӣ гап? Шинохтед?!

— Инҳо зану духтари ман, духтурҷон! Ана, ин якумаш занам, ин дуюмаш духтарам! — сурат бӯсидан гирифт Азимҷон. — Дидед, духтурҷон, ман чӣ хел оила дорам! Бинед, чӣ хел зебоянд, чӣ хел дӯстрӯ! Як боракак бинед!

— Аҷиб, хеле аҷиб! — газетаро гирифта, аз нав бодиққат нигарист Мария Фёдоровна.

Ҳама дар ҳайрат монданд. Газетаро даст ба даст

пешина
аз 323
навбатӣ