Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
вай автомашинаи дезинфекционӣ, дар тарафи дигар ошхонаи сайёри солдатӣ ба кор шурӯъ карданд. Баъзеҳо ба инӯ он нигоҳ накарда, пулемӯту милтиқҳояшонро аз назар мегузаронанд ва тоза мекунанд. Шахсоне ҳам буданд, ки саросемавор ба хешу ақрабои худ мактубҳо менавиштанд.
— Рафиқ командир, дар хо, ана вай заминкан як майор хобидааст. Ярадори хеле вазнин барии менамояд! — гуфт робитачӣ одоби ҳарбиро ба ҷо оварда.
— Аз они худӣ?
— Ҳа, аз они худӣ, рафиқ командир.
— Дурусттар тафтиш кардӣ?
— Ҳа, рафиқ командир. Лекин базӯр гап мезанад.
— Дар паҳлуяш касе нест?
— Не, рафиқ командир.
— Рафтем!..
Аз заминкани нимвайронае дуд мебаромад. Агар коратон наафтад, эътиборе надода рафтан мегиред. Зеро ин гуна ҳодисаҳо дар сари ҳар қадам ба назар мерасад. Робитачии мо ҳам агар дар ҷустуҷӯи паногоҳи дохили заминкан намешуд, шояд воқеа ранги дигар мегирифт.
Заминкан аз дуд пур шуда буд. Фақат милт-милти олав ба назар менамуд. Ординарец фонусчаашро дарнамегиронд, фаҳмидан душвор буд, ки дар он ҷо ҷисми ҷондор ҳаст ё не?
— Омадан гиред, аз они худӣ, — шунида шуд овози ларзони ғафси ношинос. Наздиктар рафта, майореро дидем, ки сару гарданаш докапеч, якпаҳлу мехобид. Вохӯрӣ кардем ва ҳолу аҳвол пурсидем. Ғайр аз сару рӯяш, пои чапаш ҳам сахт захмдор шуда будааст. Зуд ба санбат фиристоданӣ шудам. Розӣ нашуд.
— Аввал як қулт обӯ ягон даҳон нон ёбед, — гуфт бо овози пасти нимпӯста.
Дар ҳақиқат, аз гушнагию ташнагӣ беҳолу бедармон шуда буд, майор.
— Марҳамат, — гуфтам, зуд аз обдонам ба кружка каме об кашида, — нӯшед. Беҳтар, ки ҳозир камтар нӯшида истед, дилатонро накобад.
— Диламро торс кафонад ҳам менӯшам, — қариб як обдон обро дам нагирифта нӯшид ӯ. — Аз дард ҳам ташнагӣ зиёдтар азоб дод маро. Мебахшед, ҳамаи обатонро нӯшидаам.
— Парво накунед, об бисёр. Ҳозир чою хӯроки гарм ҳам муҳайё мекунем.
Майор боқимондаи обро ҳам то қатраи охиринаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё