Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
рост истодай? Ҳу, ба он сӯ дав!.. Сержант, бачаҳоятро гирифта, ба вай кӯча рав! Шитобед, лакашамхӯҷаҳо!
Дар ин гуна ҳолатҳо бонги хатар эълон мекардем. Вале ин ҳодиса ба бонги хатар муносиб набуд. Зеро аспҳо маҷоли гурехтан надоштанд. Панҷ рӯз хошок нахӯрда, калобачӯби вайрона барин шуда монда буданд.
— Рафиқ старшина, илтимос мекунам, як стакан намак диҳед! — илтиҷоомез сар хам кард Сергеев, тез-тез нафас кашида.
— Аввал ба ман аспро ёфта биё! — дӯг зад старшина.
— Аспро ёфтам! Хошок ҳам ёфтам!
— Магар дар ин ҷо одам будааст?
— Будааст. Мӯйсафеде ҳамроҳи наберааш. Ҳо, дар паҳлӯи ана вай сарои вайрона. Одами хеле аспбоз барин.
— Ин тавр бошад, сад стакан гӯӣ ҳам медиҳам, — аз қаҳр фаромад старшина. — Хайр, як дегча бару барои аспҳои дигар ҳам беда гиретон. Петро, ту ҳам рав! Ҳо, хумкалла, ту ҳам меравӣ! — фармон дод старшина мӯйлабчаашро тоб дода монда.
Саргарми сӯҳбат сӯи сарои вайрона қадам мезадем. Старшина аспбозии падарашро таъриф карда мерафт. Ман дар бораи аробакаши машҳури колхози «Коминтерн» Абдуҷаббор-ака ҳикоят намудам. Ӯ аспашро чунон дӯст медошт, ки пинҳонӣ аз занаш ҳар рӯз яктогӣ нон медод...
Мӯйсафеди ланг ним бандча барги бедаи сара кардаашро назди аспҳо ҳаво доду ба пешвози мо баромад ва бо мо вохӯрӣ карда, ба бачаи ёздаҳ-дувоздаҳсола рӯ оварда гуфт:
— Васька, аз асп фаро, писарам. — Бачаи зебои ҷингиламӯ, ки дар болои асп буд, ҳамоно фаромад. — Зуд рафта сатилро барор, акнун об деҳ, бисёр хӯрад ҳам, намешавад. — Баъд ба мо рӯ оварда давом намуд: — Хошок нахӯрда хеле аз тоб гаштаанд. Одам бо нон зинда, асп бо беда. Ману шумо оши суюқ нахӯрем, рӯдаамон танг мешаваду касал мешавем. Асп ҳам фақат бо ем зиндагӣ карда наметавонад. Дар саҳл рӯз тамом хушк шуда меравад, — гардани аспро молида истода давом намуд мӯйсафед: — Ту бечора ҳам ба ҷанг омадӣ? Ин аблаҳи Гитлер на фақат инсон, балки ҳайвони безабонро ҳам ба ташвиш мононд. Ҳаман аспҳои колхози моро гирифтанд. Чунон аспҳо буданд, ки...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё