Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

нимсӯхтаю нимпӯсидаҳояш ҳам даркор мешавад. Колхоз гов дорад. Гурусна монад, хӯрдан мегирад. Мана, аспи шуморо бинам, хасу хошоки пӯсидаро чида хӯрда гаштааст. Раҳмам омад. Ба надаш беда монам, худашро партофт.

— Ман ба надашон равам, чашмонашонро ало-було карда, қариб газида буданд. Чунон саросема, фашар-фушур мехӯрданд, ки гӯё як-ду хонда фурӯ додан мегирифтанд, — бо завқ гуфт Васька.

— Э, писарам, одам ҳам гурусна монад, сангро нахонда фурӯ медиҳад.


Ба хатти якуми фронт наздик расида будем. Пеш аз он ки дар ҷанги мудофиавӣ ҷои полки дигарро иваз кунем, командир, комиссар, парторг ва комсорги полк ҳамаро аз як сар аз назар гузарониданд.

— Ҳама дар ҷояш?

— Дар ҷояш!

— Табиататон?

— Аъло!

— Молодцы, ребята!

Онҳо дар назди ҷанговарони ҳар як рота истода, ҳамин тавр ҳолпурсӣ намуданд. Аз ҷавобҳои дилпуркунанда хушнуд гашта, боз пеш мерафтанд.

— Ҳо, вай куҷо меравад? — гуфт командири полк, ба фургони пур аз беда, ки аз паси ҳама меомад, ишора карда.

Ҳама китф дарҳам кашиданд. Охир, чӣ ҳам мегуфтанд? Аз они мо бошад, аз oni дигарон будагист. Баъзан наздиктари фронт ба бозори серташвишу сермагал монанд мешавад, ки саг соҳибашро ёфта наметавонад.
Командир боз чанд қадам пештар рафту ба фургони пур аз беда бодиққат синча карда гуфт:

— Ин маймунча кист? Куҷо меравӣ, маймунча? Шон автомат ҳам доранд. Боз набераи Будённый набошӣ? — бо завқ хандид командири полк. — Афташ ҳам монанд.
Хӯш, ҷанговари калон, ба ин ҷо фароед, як каду комататонро бинем. Охҳо, чаққон-ку!

Аз фургон бачаи ба мо шинос — Васька фаромад.
Ман ҳам қариб ӯро нашинохта будам. Ба назарам андак калонтар намуд. Ӯ мӯза ва либоси аскарӣ пӯшида, миёнашро бо тасмаи ғафс таранг бастааст. Тоскулоҳаш ҳам аз сараш калонтар, «гурба таги тагора» барин менамуд.

пешина
аз 323
навбатӣ