Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Рафиқ генерал... маро ба фронт гиред, — канда-канда илтиҷомез гуфту сар ҳам кард Васька.

— Рафиқ полковник, — зуд ӯро ислоҳ кард, комсорги полк, лейтенанти ҷавон.

— Мебахшед, рафиқ полковник... — узрхоҳӣ намуд Васька, — ман аз автомат ҳам тир парронда метавонам, аз милтиқ ҳам. Ман нағз тир мепарронам. Тирам асло хато намехӯрад.

— Оҳҳо, молодец!.. Дар воқеъ, вай асп куҷо шуд? — пурсид полковник аз адъютанташ. Баъд ба мо рӯ оварда афсусхӯрон давом намуд: — Аспи хеле зебо будааст-дия. Ба мӯйсафед дода фиристонем чӣ мешуда бошад? Беҳуда нобуд шуда меравад.

— Бисёр нағз мешавад! — гуфтанд қариб ҳама баробар.

— Диҳед!

Ҷанговарони роҳатҳои мо бедаро зуд кашонда гирифтанд. Аскаре аспи зебои венгериро оварда, ба қафои фургон баст ва бедамайдаҳои резуҷош шударо ғундошта, наздиктар тела дод. Аспи ниҳоят гурусна бедамайдаро фашар-фашур хӯрда, гулу баргҳои пароканда шударо бо забонаш лесидан гирифт.

— Ана ин аспро, писари нағз, бурда ба бобоят аз номи мо месупорӣ. «Ҷанговарон ба шумо тақдим кардаанд», гӯй, — полковник сари бачаро сила карда, давом намуд: — Бачаи далер будӣ, раҳмат ба ту!

— Маро ба фронт намегиред? — бо овози хастаи паст пурсид Васька ва оби чашмонашро пок карда истода боз гуфт: — Охир, ман нағз тир парронда метавонам. Тирам ба нишон нарасида намемонад, — автоматро аз китфаш гирифта, худро ба тирандозӣ тайёр намуд писарак. — Ягон чизро нишон диҳед, парронам. Чиро парронам? Ҳо, вай зогро парронам?

— Ту аскари ҳақиқӣ, аскари далер ҳастӣ. Вале аспу аробаи колхозро кӣ бурда месупорад? Бобоятро кӣ ба духтур мебарад? Барои ин корҳо бояд як ҷанговар овора шавад. Аммо ӯ ҷои шумоёнро ёфта наметавонад, сарсони мешавад. Ин корро худи ту ба ҷо орӣ чӣ мешуд? Кори оқилона мешавад. Фаромӯш накун, ки ин ҳам супориши ҷангӣ. Ҳамин тавр не, аскар?

Васька бо сарҷунбонӣ маъқул кард. Вале маъюс шуд, ашки чашмонаш шашкатор гашт.

— Ин ҳам вазифаи ҷангӣ, писарам, зуд ба ҷо ор! — барои хайрухуш даст дароз кард командир. — Хайр, ҷанговар Васька!

пешина
аз 323
навбатӣ