Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
мо «меҳмонон»-ро нағз «пешвоз» гирифтанд. Онҳо ҳатто ба гурехтан вақт ёфта натавонистанд.
— Пулемётчиҳои самти чап хоб карданд магар? Барои чӣ ту хотирҷамъ?— ба ман рӯ овард капитан, дуди тамокуашро фаввора занонда.—Боз вай хоболуд корро расво мекунад? Ман туро кайҳо огоҳ карда будам, ки ӯро аз чашми худ дур накун... Намедонам, худо ӯро фақат барои хоб офарида шудааст магар... Шайтон гирад, аз ҷонаш ҳам хобро авлотар медонад-а, гап зада истода мехобад. Қоил ман-е! — шакарханд кард комбат.
Оре, командири взводи сеюми ротаи мо лейтенанти хурд Александр Фёдоров бачаи хеле нағз бошад ҳам, беғаму серхоб буд. Ӯ бузургҷуссаю фарбеҳакак буда, ба ҷавони сиюпанҷсолаи корзада шабоҳат дошт. Лекин дар хоб монанде надошт. Хобро аз асал ҳам ширинтар медонист. Баъзан чунон хоб мекард, ки замбарак парронед ҳам, гӯшашро намечунбонд.
Боре дар эшелони дуюми фронт будем. Ба дамгирию давом додани таълими ҷангӣ-сиёсии ҷанговарон фурсат ёфт мешуд. Баъд аз он ки барои дамгирӣ ҷо ба ҷо шудем, робитачиро барои даъват кардани командирони взводҳо роҳӣ намудем. Ғайр аз Фёдоров ҳама омаданд. Бори дигар кас фиристодам, боз ёфта натавонистааст. Барои ин беинтизомӣ мебоист ҷазои муносиб гирад. Дар ғоибии гунаҳкор ҷазо дода намешавад. Маҷбур шудем кофтем. Ёфта натавонистем. Овоза шуд, ки Фёдоров тамоман гум шудааст. Аҷабо! Барои мо ин на фақат ҳодисаи нав, балки воқеаи нангин буд.
Барои ёфтани Фёдоров бонги хатар додем. Қариб як соат ҳама ҷойро титу ғоз кардем. Фақат бегоҳӣ бандаи хобро аз як кабинаи мошини вайрона масти хоб ёфтем. Вақте ки бедораш карданд, чашмонашро молида, ғамҳамёза кашидаасту гуфтааст:
— Ҳоло рӯз барвақт-ку, чаро хобидан намемонед?
— И-е, шумо кай хобида будед? — пурсидаанд.
— Ним соат ҳам нашудааст, — гиребони шинелашро ба сараш кашида боз хобиданӣ шудааст. Ҳама баробар қоҳ-қоҳ хандидаанд.
— Барои чӣ механдед? Беҳтар, ки камтар хоб карда гиред, — гуфтааст, аз сари нав сарашро печонида. Фақат ҳангоме ҳушёр шудааст, ки аз воқеа огоҳ кардаанд.
Лейтенанти хурд Фёдоров ана бо ҳамин «хоби таърихӣ» ба тамоми батальон машҳур гашта буд. Капитан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё