Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Ҷанговарони нав гарчанд тирандозии ҳақиқиро бори аввал медиданд, дар зада гардондани ҳамлаи пайдарпай душман ҷасорати калон нишон доданд.
Худи ҳамон рӯз ман аз дасти чап маҷрӯҳ гаштам. Баъди он қариб як моҳ госпитали саҳроӣ, се моҳ курси лейтенантӣ, боз фронт, боз хатти якуми он...
Ҷанг ниҳоят тезутунд давом мекард. Ба зарбаҳои ҳалокотовари ҷавобӣ нигоҳ накарда, душман шутури маст барин аррос мезад. Оре, вай торафт асабитар мешуд. Барои ишғол кардани ҳар як мавқеъ ҳеҷ чизро дареғ намедошт. Дар бисёр участкаҳо қӯшунҳои моро саросема ҳам мекард. Фармондеҳӣ розӣ мешуд, ки ин ё он пункти аҳолинишинро муваққатан партофта кафо нишинем.
— Барвенкоро партофта, дар Изюм истеҳкоми мустаҳкам гирифтан лозим. Душман қувваи нав ҷамъ карда истодааст. Имрӯз — фардо мумкин аст ба ҳуҷуми сахт гузарад, — гуфтанд дар штаб.
Дар ҳақиқат муҳорибаи Изюм аз ҷанги Барвенко сахттар, даҳшатноктар шуд. Душман ба замми танки бисёр самолётҳои бомбаандозро ҳам ба кор бурд. Бо вуҷуди он ки қисмҳои мо чандин танку самолёти душманро зада даргиронданд, вай боз қувваҳои нави худро пеш меронд.
— Барои Ватан, барои ғалаба!
Ҷанговарони мо дар зери ҳамин шиор ба душман зарба мерасонданд. Дар ҷанги нобаробар қаҳрамониҳои бемисол нишон медоданд. Гитлерчиён мӯру малах барин зер карда меомаданд. Аскарони мо дар ҳар як газ замини қафо гаштаашон чанд фрицро замин газонда мерафтанд. Танкҳои вайронаю ҷасадҳои бешумор ба худи онҳо кӯпрук мешуданду боз ҳамларо давом медоданд.
Қисми мо дар яке аз маҳаллаҳои канори шаҳр ҷой гирифта буд. Мебоист мо пои нопоки душманро ба шаҳр нагузорем. Кошки шаҳр адову абгор нашуда бошад. Аксарияти биноҳо валангор. Биноҳое кам набуданд, ки дару тиреза доранду бом надоранд. Рости гап, онҳо барои ҷанги мудофиавӣ мавқеи мувофиқ ҳисоб меёфтанд. Аз мавқеъ истифода бурда, ҷанговарони мо гитлерчиёнро тутӣ ҳасак барин мерезонданд.
— Рафиқ командир, — гуфт сержант Журавлёв бо ситеза, — ҳамин Федькаро аз ман гиред. Ба ҷонам расонд. Чон ин ё цирк, ё майдончаи рақс. Дар ҷанг халал мерасонад, ки фоида не.
— «Максим»-аш ташна монд, об овардам, худаш гурусна

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё