Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

намонд, нон додам, консерв кушодам. Мана, ҳозир маҳорка мепечонам. Барои кӣ? Барои ту не магар? — Федька бо шӯхӣ ба худ хос маҳоркаи печондаашро ба лаби Журавлёв наздик бурд. Ӯ рад карда, рӯяшро тофт. — Ана, дидед, — хандид Федька, — боз ноз ҳам мекунад. Хизматгори бепулатро ёфтию боз...

— Бас кун! — қаҳр кард сержант. — Майнаамро афшонда ба дастам додӣ.

— Дирӯз Федькаро худат таъриф мекардӣ-ку? — гуфтам ман ба Журавлёв, — ёрдамчии нағз, дар пулемётандозӣ чапдаст, ҳамчун ҷанговар бачаи бебаҳо нагуфта будӣ?

— Охир, мушро ҷонканию гурбаро бозӣ, — аз гуфтааш пушаймон шудагӣ барин андак паст фаромад Журавлёв. — Душман вабо барин меояд. Ҳай-ҳай накунӣ, омада аз гулӯят мегирад. Аммо ин «Оё ба маҳбубаат хат навиштӣ? Умуман, ту муҳаббат дорӣ ё не?» гуфта, пурсидагеш пурсидагӣ. Охир, муҳаббат дорам ё не, ба ин чӣ? Ҳозир вақти ишқбозӣ магар? Душманро киркардан даркор, душманро!

— Лекин муболиғаро ҳам ба ҷояш мемонӣ-дия, ошно, — ҳазломез гуфт Федька лентаи пулемётро гузаронида истода, — кай ҳамин тавр гуфтам?

— Кай гуфтӣ? Ана, дидед, ҳоло мункир ҳам мешавад, — гуфт Журавлёв ситезаомез. — Пагоҳӣ гуфтам, ки биё оби пулемётро нав кунем, хеле тасфида рафт. «Ба ман халал нарасон» мегӯяд. «Ҳозир, — мегӯяд, — Тамараҷонам пироҳани ҳарир пӯшида, наздам омаду оҳиста аз бағалам гирифт, ба сӯи боғи шаҳрӣ равон гаштем». Охир, ин мурдаро монда тутхӯрӣ не магар? Ҷиннӣ гӯям, чинӣ не, солим гӯям, солим не.

— Хайр, аз дасти ту орзую хаёл ҳам карда намешавад? — ҷиддитар шуд Федька.

— Ин ҷоро ҷанг мегӯянд, — дӯғ зад Журавлёв, — бозори ишқу муҳаббат не!

— Магар ишқу муҳаббат бозор дорад? — саволомез назар афканду боз худаш ҷавоб дод Федька, — на бозор дорад, на ҷой, на маҳал ва на вақту соат, мӯҳтарам сержант. Фаҳмиданд-мӣ?

Сержант беэътиборона дасташро афшонду чизеро пай бурд магар, хавотиромез ба мавқеи душман назар афканда, мили пулемёташро ба нуқтаи муайян рост намуд ва паси ҳам якчанд тир холӣ кард. Каме танаффӯс карда боз якчанд тир кушод. Федька маҳоркаи печондаашро оташ гиронд ва зуд ба лаби Журавлёв дошт.

пешина
аз 323
навбатӣ