Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Максим «Максим»-ро хеле дӯст медорад. Мо хатто ӯро ба старшинагӣ таъин кардани шудем. Таваллою зорӣ кард, ки аз «Максим»-аш ҷудо накунем. Чӣ ҳам гуфта метавонистем? Бигузор мувофиқи хоҳишаш шавад.

— Фёдоров наомадааст?

— Омада буд. Расчёти пулемёти сеюм тамоман аз кор баромадааст. Шитобон рафт. Ҳа, дар воқеъ, гуфт, ки агар ба тезӣ наоям, хабар гиред.

Широков ва Хайруллиро таъкид кардам, ки хушёр истанд, аз рӯи эҳтиёт гранатаҳои дастӣ ва автоматро аз паҳлӯяшон дур накунанд. Зеро душман ба ҳуҷуми сахт тайёрӣ мебинад.

— Ҳотирҷамъ бошед, рафиқ командир, — гуфт Максим, чашмони осмонирангашро аз тарафи душман наканда, — яктоаш сарашро бардораду рӯзашро бинад.

— Рафиқ командир, маро ба ҳамон отделения мегузаронидед, — илтиҷоомез гуфт Хайруллин.

— Барои чӣ? Магар шумо бо Широков будан намехоҳед? — пурсидам ҳайрон шуда, — Ҳар дуятон ошно бубед-ку?

— Охир, ин Максими зихна ягон маротиба ба ман навбат намедиҳад. Фақат корам тиркашонию лентагузаронӣ.

— Нағз накардӣ, Максим, — гуфтам хандида. — Бигузор орзуяш шиканад. Охир, ин ҳам пулемётчӣ ном дорад.

— Э, худи ин кӯрнамак, — эътироз кард Широков хандида, — пагоҳ ду лента холӣ кардагӣ кӣ буд? Момоят буд магар?

— Ҳамагӣ як боракак. Ҳамон ҳам ярадор шудию...

— Парво накун, — гуфтам гапи Хайруллинро бурида, — ҳоло ба дилат ҳам мезанад. Ҳуҷуми навбатиро зада гардонем, ана баъд туро ҳам пулемётчии якум таъин мекунем. Мумкин ба ҳамон отделения равӣ.

Ба мавқеи нуқтаи пулемёти дигар бо як азобе рафта расидам. Вай дар ҷон андак номувофиқ ҷойгир шуда буд. Лозим омад, ки фақат гавак кашида ва ниҳоят суст равам. Зеро бо вуҷуди он ки, барои нонамӯд гаштан аз болои шинелу тоскулоҳ либоси сафед пӯшида, бо барф ҳамранг шудам, душман аз мӯзаи намадӣ пай бурда метавонист. Вале хотири маро чизи дигар бештар парешон месохт. Дар ҳақиқат аз нуқтаи пулемёти дар ин мавқеъ буда садое намебаромад. Наход тамоми расчёт аз қатор баромада бошад? Наход ҳанӯз

пешина
аз 323
навбатӣ