Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Афсус, ки ҳанӯз як култи нанӯшида, бонги изтироб ба гӯш расиду қадаҳҳо муаллақ монданд...
Аз «эшелон»-и дуюм ба хатти якум гузаштем. Фақат ду рӯз дар ҷанги мудофиавӣ истодем. Фурсати қулай расиду ба ҳуҷум гузаштем. Душман маҷбур шуд талафоти калон дода, қафо гардад. Мо пеш рафтан гирифтем. Охир душман истеҳкоми сахт гирифту муқовимат нишон дод. Аз нав окопро иҷора гирифта мунтазири фармони дигар шудем. Ҳақиқатан, бисёр ҷанговарон ярадору ҳалок гашта, қувваи мо ҳам суст шуда буд. Мебоист қувваи нав ҷамъ кунем. Аз ин рӯ, резервҳоро ба кор андохтем. Офат ҳам ба орзуи худ расид. Ҷои тирандозии якуми пулемёти «Максим»-ро иваз намуд. Ҳанӯз дар рӯзи якум хабар омад, ки ӯ корнамоии аҷоиб нишон додааст. Хостам фаҳмам ва табрик кунам. Аз окоп ба окоп гузашта, ба взводи якуми рораи дуюм рафтам. Гуфтанд, ки Офат гум шудааст. Ё аҷабо! Чӣ хел гум мешавад? Шаб хабар дода буданд, ки «Қариб як взвод аскари душманро кир кард, илтимос мекунам ба орден пешниҳод карда шавад»... Имрӯз бошад... Бовар накардам.
— Тамоми шаб нахобида буд, — гуфт командири взвод, — гуфтам, ки пулемётро ба тирандозии дуюм супору камтар дам гир. Бо ҳамин бедарак шуд. Қофта наёфтам.
— Шояд ярадор шуда бошаду гирифта рафта бошанд?
— Аҷаб не...
Бо табъи хира ба пункти дидбонӣ баргаштам. Тирандозин дутарафа хомӯш шуда бошад ҳам, комбат дурбинро аз даст намепартофт. Бо чашмонаш тарафи душманро «элак-элак» мекард. Бинам, дар поёнтар дар ду дегҷа ёдии навакак оварда. Якашро гирифта, бо сухари маишат кардан гирифтам.
— Ҳа, ҳанӯз хӯрок накардӣ? — аз дурбин чашм наканда пурсид комбат.
— Худатон чаро нахӯрдед?
— Ман-мӣ? Ҳозир... Офататро табрик кардӣ?
— Чӣ орденро супурдед?
— Чӣ хел месупорам? Ҳанӯз ту ба «пешниҳодкогаз» имзо накардӣ-ку? Ба як ҳисоб насупурдагемон ҳам нағз шуд, — гуфт комбат. — Имрӯзаашро ҳам ҳамроҳ карда, якбора ба ордени Байрақи Сурх пешниҳод мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё