Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Гуреҳтанашро ҳамроҳ мекунем-мӣ? — бо оҳанги кинояомез пурсидам.
— Гурехтан? Ҳоло аз корнамоии наваш хабар надорӣ?
— Чӣ хел корнамоӣ?
— Э, канд зан ту барин политрук. Қаҳрамонии ҷанговарро намедонӣ, — хандид комбат, — боз шон ба шефӣ гирифтаанд.
— Ман барои табриккунӣ ӯро кофта рафта будам. Гуфтанд, ки ба куҷое ғайб задааст. Маълум мешавад, ки беҳуда ғам хӯрдаам?
— Ҳа, додарам, фронт аҷоиб, дар як фурсат чӣ корҳое намешавад. Кӯтоҳаш: либоси офицери душманро пӯшида, ба тарафи немисҳо гузаштааст. Се посбонро кушта, офицери штабро дошта омадааст. Аҷоибаш дар ин ки як портфел ҳуҷҷатро ба худи офицер бардоронда омадааст. Лекин молодец! Ин кораш ба даҳ орден меарзад.
Баъд аз як соат ба штаб рафтам. Ҳуҷҷатҳои ба ордену медальҳо пешниҳод шударо супурдаму Офатро сӯроғ кардам.
— Шояд «забон» ва ҳуҷҷатҳои овардааш хеле муҳим бошад, ба штаби дивизия гирифта рафтанд, — хушҳолона ҷавоб дод капитани ба ман шинос.
— Худаш канӣ?
— Ӯро ҳам бурданд.
— Аҷиб-ку.
Баъд аз ду рӯз мактубчае гирифтам.
«Мӯҳтарам, рафиқ, лейтенанти калон! — чунин буд мазмуни мухтасари мактубча. — Ду бор рафтам, шуморо ёфта натавонистам. Дар хати якум будед. Дигар илоҷи рафтан наёфтам. Ба ман ордени дараҷаи якуми Ҷанги Ватанӣ доданд. Лекин маро ба разведка гирифтанд. Акнун мувофиқи табъам шуд. Ба ҳамааш раҳмат. Зинда монам, албатта шуморо меёбам.
Бо салом Краснови шумо (Офат)».
Офатро дигар надидам, ҳарфе нашунидам. Лекин имонам комил, ки ба душман офат гашт Офат.
СОЛДАТИ НОШИНОС
Гашти пешин. Ҳавои туф кун-яҳ куп ва тираи моҳи декабр. Зарраҳои барфи ҳардамхаёл гӯё ба миси тафсон мерасида бошад, ба сару рӯи буғаш баромада истодан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё