Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ленинобод. Фалоиӣ Фалонизода. Фаҳмиди? Кани, такрор кун-чӣ?

— Ман туро гӯр кунам?! Магар ту девонайӣ?! — ӯ ваҳмида аз ҷояш ҷаста хест ва монандӣ аввала рост истод.

Дақиқае нагузашта, тире ба лаби тоскулоҳаш расиду ҷарсас оташ парид. «Вой, мурдам!» гӯён як қадам дуртар аз ман афтиду хомӯш шуд. Аз ӯ дигар садое набаромад. Хеле афсӯс хӯрдам. Мебоист акнун ба тақдир тан диҳам. Вале ширинии ҳаёт ғалаба кард.

— Ёрӣ диҳед! Ёрӣ диҳед! — қувва ва иродаи боқӣмондаамро ғун карда, бори охирин то будани овозам фарёд кардам.

Пас аз чанд як солдати қадпасти газғӯште ҳозир шуд.
Аз афташ робитачин кадом як командире буду бо супориши муҳим мешитобид. Зеро хеле саросема буд. Тез-тез нафас мекашид ва тез-тез гап мезад.

— Хизмат? — пурсид ӯ ҳам шудаю ба рӯям нигоҳ
карда. — Ба назарам ночунбонед?

— Ҳа. Ман фалонӣ, — гуфтам ба ӯ бо як азобе. — Дар қафои хо, ана он баландии штаби мо ҳаст. Интимос, дӯстам, бародари азизам, ҳоли маро хабар диҳед! Тезтар, дӯстам, вагарна ман...

— Мебахшед, рафиқ лейтенанти калон, агар кори таъчилӣ намедоштам, худам гирифта мерафтам! Афсӯс, ки супориши муҳим дорам!

— Фақат хабар диҳед шуд. Бо ҳамин ҳам шумо маро аз ҳалокат наҷот медиҳед! Илтимос мекунам, дӯсти азизам! Илтимос!

— Ҳотирҷамъ бошед, ҳозир хабар медиҳам!

— Номатон чист? Аз кадом рота, бародари азиз?!.

Ӯ гӯё болу пар дошту фирри парида рафт. Штабамонро ёфта метавонад ё не? Ё ин ҳам бевафоӣ мекунаду... Не, аз афташ солдати асил барин.

Нохост дидам, ки солдати ношинос боз ба тарафи ман метозад. Ҳозир ба ман мужда меоварад, маро аз ҷанголи Азроил кашола карда мегирад. Торафт ӯ ба ман наздик мешавад, дардам сабук мегардаду дилам қувват мегирад. Аз марг халосӣ ёфтан чӣ хел хушбахтист барои инсон!

— Рафиқ лейтенанти калон, супоришатон иҷро шуд!
Ҳозир одамҳоятон меоянд! — саросема инро гуфту солдати ношинос ба қафояш гашта, роҳравон илова кард: — Хайр, рафиқ лейтенанти калон! Тезтар шифо ёфтанатонро орзу мекунам!

пешина
аз 323
навбатӣ