Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хайр, гуфтам, то дар ҷон рамаке ҳаст, фарёд мекунам. Шояд ягон кас омада монад. Наход ягон роҳгузаре пайдо нашавад?

— Ёрӣ диҳед! Кӣ ҳаст?! Ёрӣ диҳед! — бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ дод мезадам.

Баъд аз чанде, дар паҳлӯям солдате пайдо шуд. Қоматбаланд, дар сараш тоскулоҳу дар китф милтик. Дар чунин лаҳзаҳои ҷанг милтик дар китф гаштан фақат ба тарсончакҳою гурезаҳо хос аст. «Оила бенуксону гул бехор намешавад», гуфтагӣ барин якта-нимта ҳамин хел буздилон ҳам ёфт мешаванд, албатта. Агар саломат мебудам, мебоист фаҳмам, ки барои чӣ ҳама ба пеш рафтанду ӯ дар қафо? Чаро милтик дар китф? Шояд гурехта гашта бошад? Не, ҳозир вақти саволу ҷавоб нест. Бигузор аввал маро аз хавфи марг наҷот диҳад.

— Бародари азиз, ман командири фалон рота, илтимос мекунам, зуд рафта, ба штаб хабар деҳ, одамони мо омада, маро гирифта мераванд, — илтимос кардам аз солдати ношинос.

— Хез, ҳамроҳ меравем, — гуфт ӯ. — Ман штабро аз куҷо донам?

— Ман аз ҷоям ҷунбида наметавонам, бародар. Агар тавонам, ту лозим набудӣ. Илтимос мекунам, рав, он қадар дур нест. Ҳо, ана, дар қафои ҳамон баландӣ.

Ӯ на «ҳа» гуфту на «не». Аз наздам дур ҳам нарафт.

— Илтимос мекунам, ҷӯраҷон, ман ҳолати аз ҷой ҷунбидан надорам, — боз такроран таваллою зорӣ кардам.

— Худат наравӣ, намеравам, — қатъӣ гуфт ӯ.

Ҳа, гуфтам, дар дилам, акнун ман тамом. «Ҷабран ҳалок мешуда бошам, гуфтам, бигузор ин ноқисулаклӣ якрав ҳам зинда намонад». Пинҳонӣ аз бағал наганро гирифта, парронданӣ шудам, афсус, ки тирдонаш холӣ будааст. Бо як азоб аз паҳлӯям пистолети навамро гирифта, сандуқи дилашро ба нишон гирифтам, хушбахтона, нами расида будааст, кор накард.

— Ҳа, аблаҳ, — гуфтам, — ачалат нарасида будааст.

Аҷибаш дар ин ҷост, ки ӯ ҳанӯз дар паҳлӯям рост меистод. На менишасту на мерафт. Тирҳон бешумор аз атрофаш хуштак кашида мегузаштанд.

— Рост наист, тир мерасад! — таъкид кардам ӯро боз раҳм карда. — Дар паҳлӯям дароз кашу фарёд кун, шояд ягон каси дигар ояд. Ӯ розӣ шуду дар паҳлӯям хобид.

— Гап ин тавр, — гуфтам, — агар ҳеҷ кас наояду ҳалок шавам, маро ба ҷои дурусттар гӯр кун, бародар. Ту ҳам зинда монӣ, ба модарам хабар деҳ. Ман аз Тоҷикистон,

пешина
аз 323
навбатӣ