Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
то ба гиря ғами дилашро барорад. Достоевский мегӯяд «Ғами худро дӯст бидор ва шукронаву ҳаловат бубар»
Ман аз ин гуфтаҳо чизеро дарк карда наметавонам. Ҳамин қадарро медонам, ки назди ҳар як инсон дар пирӣ косаи ғам гузошта мешавад. То будан дар олам бояд нӯши онро намоем. Дигар роҳ нест ба ғайр аз водии хомӯшон. Худро шери дилсоф магир. Бигзор дигарон, ояндагон муайян кунанд, ки ту кистӣ. Вақт бояд гоҳе ин ҳама ифлосиҳоро аз рӯи олам рӯбад.
Дар маҷаллае хондам, ки дар Ҳиндустон марде 150-сола шудааст. Ҳама ӯро табрик мекарданд. Ин ҳолатро мӯйсафед дида мегӯяд, ки ӯ ҷавон аст, хубтараш падарашро табрик намоянд. Назди падараш мераванд ва мефаҳманд, ки бобояш то ҳол зинда будааст. Бобокалони 300-соларо ёфта табрик мекунанд. Мӯйсафед оҳи чуқур кашида мегӯяд, ки дар Чин пире аз ӯ калонсолтар умр ба сар мебарад. Дар ҳақиқат пири 360-солаи чиниро пайдо мекунанд.
Аз ин маълум мешавад, ки агар ҳазор сол умр бинем ҳам, оқибат мемирем. Зинда бод водии хомӯшон! Шод бош эй бандаи миранда, ки рӯзе ин дунёи лаънатзадаро тарк мекунӣ.
Агар «не» гӯӣ, мехӯрандат.
Агар «ҳа» гӯӣ, як умр дар азоб гирифтор хоҳӣ шуд. Аввал биандеш, баъд хулосан «ҳа» ё «не» гуфтанро барор.
На ба ҳар инсон муяссар мешавад, ки ақидаи худро гуфтаву собит кунад. Ин тоифа одамони гапгузаронро боирода мегӯянд.
Шахси боиродаро осеби зиндагӣ гардон мекунад.
Як миллион барои як нафас.
Чӣ маъно дорад ин нафас?
Пулу мол азиз аст ё зиндониву озод будан? Пас биандеш.
Инсоне, ки қудрати «не» гуфтан надорад, дар ҷамъият бохт медиҳад. Инсон набояд чизеро насанҷидаву надида хулоса барорад. Чун андешидӣ, бидон, ки оқибати «ҳа» ё «не» то куҷо туро мебарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё