Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Банду басти мустаҳками асар, амалиёти мунтазам инкишофёфтанистодаи он, як силсила хулқу атворҳои фардияткунонидашудаи хотирнишин, амиқ кушодани ҷаҳони маънавии онон, мусодамаи саъю кӯшишкунандагон ва мизоҷҳои гуногун, муносибати ҳаргуна одамон дар вазъиятҳои муайян, тобишҳои миллии рангубори муаллиф, ба ҳам пайвастани лаҳзаҳои соф лирикию саҳнаҳои пур аз бархӯрди шадид, забони басо фасеҳ асарро барҷаста гардонид. Вақте ки асари саҳнавӣ ҷасурона, истеъдодона, мувофиқи қоидаҳои саҳна дурахшон иншо ёбад, тахайюли эҷодии офарандагони намоишро низ барои бо шавқу ҳавас кор кардан маҷбур месозад.

Дафъаи сеюм аст, ки Театри давлатии -академӣ ба номи Лоҳутӣ ба ин шоҳасар муроҷиат намуд. Бори аввал соли 1958 буд. Ғановати бадеии онро як гурӯҳ устодони бузурги саҳна тавассути маҳорати баландашон обуранг бахшида, боз ҳам онро афзуданд. Намоиши реалистии хушобуранг ва боиси дидани офарида шуд.

Соли 1973 дар арафаи сафари ҳунарии театр ба Маскав «Рӯдакӣ» дафъаи дуюм аз нав зинда гардид. Коргардони он А. Бурҳонов таҷрибаи пештар ҳамроҳи Е. Мителман ба даст овардаашро истифода бурд. Вале дар намоиши таҳиянамудаи ӯ диди тоза, тавзеҳи нотакрор нарасид. Навигарӣ нақши Рӯдакӣ дар иҷрои М. Воҳидов гардид. Тавассути маҳорати баланд ӯ образи барҷаста офарида тавонист.

Акнун имрӯз театр ба ифтихори 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳияи тозаи драмаи С. Улуғзодаро ба яке аз арбобони пуртаҷрибаи худ Ҳошим Гадо супорид. Ӯ, ки чанд сол аз коргоҳи ба бӯҳрони эҷодӣ гирифторшудааш беҳуда ноумед гашта, аз он рӯ тофта буд, аз нав ба илҳом омаду баҳри офаридани намоиши мӯҳташам камар баст. Дар атрофаш ёрдамчиён ва иҷрокунандагони сершумореро муттаҳид намуд. Машқҳои пуршиддати он рӯзҳои тобистони гарм паси сар гардид ва намоиш дар арафаи ҷашни 1150-солагии шоири забардаст нишон дода шуд.

Коргардон Ҳошим Гадо барои боҳашамат баромадани спектакл, нишон додани асолати эҷодии хеш, нотакрорӣ, навӣ хеле кӯшид. Ӯ пролог (дебоча) ва эпилог (пасгуфтор) ихтироъ намуд. Дар дебоча мардум дар майдоне гирд омада аз тохтутозҳои ваҳшиёнаи ҷангҷӯён ба дод меояд, даст ба осмон бардошта фигон мекунад. Алангаҳои ҳарҷо-ҳарҷо даргирифта

пешина
аз 213
навбатӣ