Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

сафсатаҳои кӯҳна онҳоро гаранг мекунанд. Қудратмандед, кӯшиш намоед, то ҳарфи наве гӯед, ки ба дигарон писанд бошад ва мушкилоти онҳоро каме ҳам бошад ҳал намоед. Медонам, ки бе афсона намешавад, аммо ақаллан афсонаи наве гӯед, ки мардум нашунида бошад.


Андешаву маслиҳате чанд барои ошиқони булҳавас.

  1. Ишкро чӣ тавр мефаҳманд?
  2. Ишқ ин одат кардан бо ҳамдигар аст?
  3. Кӣ бештар дурӯғ гӯяд, магар ошиқи зор ҳамон аст?
    Тавре шоҳид ҳастед, аз қадим то имрӯз дар бораи ишқ чӣ қадар гуфтаанд ва ин нағма то ба имрӯз давом дорад. Шояд то дунё ҳаст, ин нағмаву қарорҳои дурӯғ давом кардан бигиранд.
    Пас... Ишқ номиранда аст? Агар номиранда бошад биёед нақши нави дурӯғиро бофта эҷод мекунем.

Ҳошим ГАДО:

ЛУҒЗ

Чӣ ин қадар худро ва дигаронро мекоҳонӣ ва саволборон мекунӣ?
Худат бикоб ва худат ба саволҳои худ ҷавоб биёб.


Булҳавасон, бодапарастон, коҳилакон куҷо шуданд?


Ман бо тамоми дунё қаҳриям.
Чаро?
Ман ба ин савол ҷавоб намедиҳам.


Боз чаро ва барои чӣ?


Ин савол беҷавоб мемонад.


Ҳошим ГАДО:

МУТААЛЛИҚ

Дар зиндагӣ ҳар як шахс чунон пасту баландиҳои зиёд ҳастанд, ки муаммои ин пасту баландиҳоро фаҳмидан ва кушодан барои инсон душворӣ мекунад. Чӣ бояд кард? Ман аксар вақтҳо роҳгум мезанам, гарангу пакар мешавам. Ва намедонам, ки ин кӯргиреҳҳоро чӣ тавр кушоям.

пешина
аз 213
навбатӣ