Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

аввалро хоҳад бозид. Ҷавоби дигаре, на сар ва на кафоро дар ҷон аввал мегузорам. Ба фикри банда, ҷон муҳим ва асосӣ дар мобайн аст.

Кӯр ба бино роҳ нишон дод, оқибат ҳар ду дарҷох заданд. Рамзи ин маъниро хонанда худ биёб.

Мо гуфтему гузаштем.

Ҳар чӣ гуфтем, манаҳ задем, ҷоғ задем, ҳеҷ гӯше моро нашунид ва надид.

Беҳуда - беҳуда ҳарф мазан. Оқибаташ хуб нест.

Дар байни омма ривоятест, ки гӯё ҳабаш ҳеҷ бо шӯстан сафед нахоҳад шуд. Ҳ. Гадо мегуяд, ки агар ӯро пӯсташ кунӣ шояд каме сафед хоҳад шуд.

Ай инсон, ту бидон, умри ту кӯтаҳ аст, бикӯш то аз худ ба башарият чизе хайру саховат кишт бикун, дон бикор, то ки онҳо аз ту баҳра баранд.

Ай инсон, ту омадӣ ва бидон, ки ӯ туро на барои хӯрдану хуфтан ё танҳо барои ишқварзӣ офарид. Ӯ туро барои он офарид, ки ту қарзи инсонии худро дар назди ӯ бояд ҳатман иҷро бикунӣ. Ту қарзи худро иҷро бикун. Вассалом.

Ту инсони ҳақиқии на ин ки хасакӣ. Ту ҳамеша бидон дар ин роҳи пурхатаре, ки ту бояд ӯро тай бикунӣ набояд ҳеҷ гоҳе тарсӯ бошӣ. Ҳатман дар пеши роҳи ту душвориҳои бешуморанд, кӯҳҳо, баҳрҳо, горҳо ва хусусан тимсоҳҳо, палангҳо, уқобҳо, морҳои бешумор албатта пешвозат мегиранд. Ту ҳамаи ин мушкиливу душвориҳо бояд омода бошӣ.

Мард бояд барои худ қанке бисозад ва аз баҳр ба хубӣ гузарад. Кӯҳҳоро чун Фарҳоди кӯҳкан шикоф карда гузарад. Аз ҷангалҳои даҳшатнок мисли Самаки Айёр амалан чун бод номаълум гузарад. Ва дар охири роҳ, бо чуволҳои некӣ ба назди халқат, ба пеши мардум, бо ҳалтаҳову донҳои хайру саховат пайдо бишавӣ ва ин чуволҳои ҳайратро ба назди мардум гузору худ боз ба роҳ баро.

пешина
аз 213
навбатӣ