Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Сареву савдое яке ба ин дунё меояд, чун мебинад, ки на ҳама кору бору рафтору гуфтор баробаранд. Ӯ зуд гӯшанишин мешавад.

Дигаре ба хӯрдану хуфтану зоидан ва ҳар гуна майда-ҷуйдаи зиндагӣ машғул буда, савумин танҳо ба маншат ва кайфу сафо андармон мешавад.

Ту инсон, макун амалеро, ки ба башарият зараровар аст. Кореро, ки сар кардӣ, ӯро то ба охир расон. Ҳеҷ гоҳ дар ноомади кор таслим машав.

Ту ҳамеша роҳи дурустро интихоб бикун, бахил ва кинагир мабош. Ҳамеша бикӯш, ки мардумозор набушӣ. Ин аст қарзи инсонии ту дар назди башарият.

Агар рафту ту ба бадбахтӣ дучор шудӣ, ҳеҷ гоҳе ту золим машав. Бидон, ин ҳама муваққат ва гузарост. Ҳамеша ба Ӯ такя карда, худро тасалло бидеҳ, ки ин абрҳои сиёҳ гузарондаанд.

Худ ба худ бигӯй Иншооллоҳ ин рӯзҳои сахт ва абрҳои сиёҳ дур мешаванд. Ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ту офтоб рӯшанӣ хоҳад дод. Омин.

Ту, ай инсон, ҳамеша такрор бикун, ки ман-ман инсонам на ҳайвон. Ҳаррӯз бидон, ки ту дар рӯйи замин як мушт хокӣ. Агар ба мардумозорӣ машғул мешавӣ, пас бидон, ай инсони хому хатала, туро ва авлоди туро маризиву дарду аламҳои бешуморе дар пеш интизор аст.

Инсон, худ худро чунин тарбия бикун. Ҳаррӯз аз субҳ то шом аввало мурчаеро озор мадеҳ. Бикуш, ки пашшаеро ё нонхӯракеро ё хомушакеро озор мадеҳ. Савол: агар онҳо туро озор доданд, ҳолу аҳволи онҳоро ба Ӯ бисупор.

Мехоҳӣ, ки дар пеши Ӯ ҳамеша пок ва арзанда бошӣ? Пас... Барои мардум кишт бикун ва дон бикор.

Он чиро, ки нисбати худ раво намебинӣ пас... ба наздиконат ҳаргиз макун. Аз субҳ то шом бикӯш, ки ақаллан зарае ё қатрае ё сӣ метр ба мардум некӣ бикунӣ. Ӯ ҳамаи ин рафторҳои туро ҳатман ба назар гирифта, ба ту аз ин рафтор баҳо хоҳад дод. Ӯ ба ту бад рафтор кард, ту баракс ба Ӯ некӣ бикун.

пешина
аз 213
навбатӣ