Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳошим-баҳои сол Бозор Собир солҳо пеш аз Амрико ба Ҳошим баҳои воқеӣ дода, тақрибан чунин навишта буд, ки ӯро дидаву ҳамчун аз девона, бегона, аз пешаш мегурехтам, аммо акнун дарк кардам, ки ӯ нобиға аст...

Ба Ҳошим Гадо ягон нафар баҳои воқеӣ, объектив, ҳаққонӣ дода наметавонад. Зеро воқеан ҳам барои тафаккури мо бегона аст. Аммо дар асари 35, худи Ҳошим, ба пиндори мо, беҳтарин баҳоро ба худ додааст (русӣ ва айнан):

  • Не терплю, не могу терпеть этого рабского чувства в людях, а тем более - в себе. Пусть я не похож на других! Пусть я неадекватен! Пусть моя звезда мерцает по-другому, по-своему. Главное - она есть, она существует, она живёт. И пусть я не вмещаюсь в рамки, пусть у меня из рамки то свисают ноги, то вылазит голова и уши, но я такой, какой я есть, и другим я уже не могу и не хочу быть. Не судите меня строго, мои дорогие читатели. Когда вы прочтаете мои мысли, вы поймёте, почему я такой, и что из этого вытекает... («Кто ты», глава I, Зомби, стр.4).

Ҳошим... бо ӯ чӣ бояд кард?

Ҳошим Гадоеви ҳунармандро кайҳо аз саҳна дур кардаанд.
Дигар Сӯҳробу, Ҳамлету, Лиру, Эдипи ӯ рӯи театрро нахоҳанд дид...

Аммо бо Гадоеви нависанда чӣ бояд кард?

...Нахонед ӯро, мардум!!! Зеро тафаккуратон тағйир мепазирад. Зеро ӯ чизе менависад, ки ақли мо қобилияти даркашро надорад. Зеро Ҳошим аз мо нест: ӯ чизе менависад, ки ақли мо қобилияти даркашро надорад.
Зеро Ҳошим аз мо нест; ӯ ба дигар мардум, дигар қавм, дигар қарн мутааллиқ аст.

Ҳошимро бояд ҳатман чун Суқрот (қаҳрамони дӯстдораш) заҳр дод!
Ҳошимро бояд ҳатман чун Джордано Бруно сӯзонд!
Ҳошимро бояд чун Рӯдакӣ кӯр кард!
Ҳошимро бояд чун Сино аз ватан ронд!
Ҳошимро чун Ҳилолӣ бояд сангсор сохт!!!
...то баъди садсолаҳо бо ӯ фахр созем ва гӯем, ки нобиғаи навбатиеро ин миллат ва ин олам надида буд...

Сайфи Мизроб,
оне, ки ин кутубро варақ задааст.

пешина
аз 213
навбатӣ