Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Зайнуриддин Захайризода - Устод Раҷаб Мирзо, зинда бошед!!! Беҳтарин ҳарфҳо!!! Дирӯз дар фейсбук навиштаи Машраби Абдулло, ки бо мазмуни "Кадом китобҳоро хондаед ва онҳо чӣ нақше бозиданд барои зиндагии шумо?" оварда шуда буд ҳамагон номҳои китобҳои хондаи худро гуфтанд, нафаре пайдо нашуд, ки аз китобҳои Ҳошим Гадо ном барад!!! Ростӣ аламовар аст!!!!

Муломир Шоев - Беҳтарин гуфтаҳо Раҷаби Мирзо агар имконият бошад 10 нусха китоб ба шаҳри Москва роҳӣ кунед. Ман одам меёбам ки ба мо дастрас мекунад.

Хусрав Шоҳсаидов - Гиряи Ҳошим Гадо аз ночоративу нодорӣ, беқадрӣ ва сарсониву муҳтоҷ ба...шудан фоҷиаи миллат аст. Даҳшат аст. Қадри чунин фарзандони бузурги миллатро надонистан баробар ба намакдони миллат туф кардан аст. Театр ва кинои тоҷикро дар дунё бо номи Ҳошим Гадо мешиносанд. Чӣ бадбахтем, ки қадри чунин нобиғаҳоро намедонем. ВОООЙ БА ҲОЛИ МО, ВОООЙ БА ҲОЛИ МО!

Шахло Начмиддинова - Беҳтарин коре буд савоб

Хилватшоҳ Маҳмуд - То имрӯз 6 китоби Ҳошим Гадоро харидаам, шояд боз 1-тои дигар низ бигирам...

Аммо баъд, он вақтҳо, ки нафари дуввуми ҳукумат- Абдумаҷид Достиев ба Ҳошим Гадо занг задаву ҳолу аҳвол пурсидааст, дар ин замони сериву пурӣ, осоиштагӣ, даврони босоадату гулгулшукуфӣ нафари дуввуми ҳукумати вақт- Маҳмадсаид Убайдуллоев аз аҳволи Гадоев намепурсанд? Зеро то ҷое медонам ва ҳам дидаам, Убайдуллоев ба зиндагӣ ва кору бори адибону шахсиятҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи хос доранд.., агар хотираам фиреб надиҳад, бо дастури Убайдуллоев (он вақт мири шаҳр) хонаи ҳунарманд таъмиру тармим шуда буд.

Некруз Гулаҳмадзода - Умедворам ҳамаи мушкилиҳои устод Ҳошим Гадо дар наздиктарин фурсат аз ҷониби давлат ҳалли худро меёбанд...

Ҷура Юсуфӣ - Офарин, додар Раҷаб! Чанд моҳ пеш дар пойтахт будам ва бо устод Ҳошим вохӯрдам, чанд китобашро ҳам харидам. Аҷиб он, ки маро баъди 40 соли ҷудоӣ ҳам шинохт ва ёдовар шуд, ки бо фалониҳо дар Роҳат менишастем... Ба қадри ӯ бояд расид!

Сино Холиқов - Аз ҳамон китобҳо мисол меовардед нур болои нур мешуд!.

пешина
аз 213
навбатӣ