Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар ту аз худ бисёр рафтӣ ва нисбати одамон рафторҳои ношоиста кардӣ...

Пас... бидон, туро дар он дунё кирмҳо, тортанакҳо ва оқибат дӯзах интизор аст. Ту, эй инсон, ҳеҷ гоҳ фаромӯш макун, ки ту як баргаке дар шохи дарахт муваққатан дар як фасл ба дунё меоӣ ва оқибат аз шохаи дарахт хазон шуда меафтӣ... Пас... ту андеша бикун, ки ту дар аввал кӣ будӣ ва оқибат кӣ шудӣ...

Дониста бош, ҳаёти ту муваққатӣ буда, рафтан туро интизор аст. Рафтани ту ин як лаҳзае буд, ки магасе омаду рафт. Пас...

То он лаҳзае, ки ту дар болои пойҳоят устувор ҳастӣ ва дасту гӯшу чашмонат фаъоланд, бикуш, ки беҳ бишавӣ. То ки ба рафтагон дасти кӯмак бирасонӣ.


Бисёр манол, амал бикун ҳосил туро интизор аст. Дар ҷавоният ғами пириатро бихӯр. То ки дар пириву солхӯрдагиат муҳтоҷи ҳамсоят нашавӣ.


Ҷавонӣ, бидон, дар пеш туро пирии чорговак, пирии фартутӣ интизор аст. Интизоранд, мегӯянд, ки дар ҷавоният ғами фардо пириатро андеша бикун. То ки дар пириат афсусҳои бешумор махӯрӣ.


Кам хӯр, кам хоб бикун, камҳарф бош. Ҷоғатро лаҷом бизан. Дурӯғгӯӣ? Пас бикуш, ки ақаллан камтар дурӯғгӯӣ бикунӣ.

Агар мумкин бошад, умуман дурӯғ магӯй. Чунки кулли дурӯғгӯёнро Ӯ дӯст намедорад.


Рост рав. Рост гӯй. Ростӣ рустӣ гуфтаанд. Омӯз аз хар ом як одатро - онҳо аз гармӣ наметарсанд. Аз хунукӣ ва гармӣ онҳо пуртоқатанд, пурбардоранд. Ин хислатҳои «нек»-и харонро моён инсонҳо бояд ба худ ҳамчун дарси ибрат бигирем.


Бисёр андеш, вале зуд ҳалли масъаларо дарёб вагарна оқибати бозиро бохт мекунӣ.


Мегӯянд аз ҳама қиматтар, болотар ва волотар ин саломатии инсон аст. Пас... Барои он, ки шамъ сӯзад, рӯшноӣ диҳад равганаш бирез. Ҳарф бизан, кӯтаҳ бизан ва бидон ҳар

пешина
аз 213
навбатӣ