Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳошим Гадо:

Ҳар кас орзуҳои бешуморе дорад...
Ту намедонӣ, ки намедонӣ, пас чаро аз худ донишманд метарошӣ?


Агар ту медонистӣ, ки намедони, бояд кӯшиш мекардӣ, ки ақалан заррае биомӯзӣ ва ту пас ба ҷое мерасӣ.
Он гаҳ шояд, ки нодон ва бесаводгуро беҳтар ва бештар мешинохтӣ.


Аз он рӯзе, ки мағзи сарам ба андеша даромад, то имрӯз дар байни дӯстон ҳамеша одам мекобад. Ин асрорро биёбед!
Орзуи бешумор 1. Гӯрков субҳ аз хоб хест ва ба сӯи осмон нигаристу бо зорӣ ва тавалло нолиш кард: эй осмони пок, эй Худои меҳрубон, имрӯз ба ман якчанд мурда бидеҳ, то луқмаеро барои худ ва аҳли оилаам биёбам.

  1. Қассоб ба сӯи бузу гӯсфандону говҳо бо чашмони чун дарранда харис нигаристу ҳавас хӯрд, то аз байни онҳо ягон ҷондори фарбеҳро барои сар буридан насиб гардонад.

  2. Дузд субҳ аз хоб бедор шудан пас аз Худованд илтиҷо кард: Рӯзи бахайр бидеҳ, то дуздиам барор гирад.

Ҳар як кас ба сӯи олам менигараду илтимос мекунанд, ки орзую хоҳишҳояш иҷро бишаванд. Вале аксарият намедонанд, ки онҳо аз осмон хоҳиши орзуҳои ноҳақона мепурсанд. Ба ҳамин тариқ осмон дар андеша мезанад: Ба ин тоираи беақл, ба ин тоираи бефаҳм чӣ ҷавобе бигардонад.

Ба одамон муроҷиат карда, як хоҳишу дархост дорам: субҳ хестед аз хобатон, ба куҷо нигаред, ки чӣ тавр фаррошон кӯчаҳои шуморо бо виҷдони пок мерубанд. Ва онҳо чӣ гуна луқмаашонро ҳалол меёбанд ва аз онҳо ибрат бигиред. Чун онҳо бо меҳнати ҳалол ва пок бизиед. Он гоҳ олам ба гулистону бӯстон мубаддал мегардад.


Дар урфият оби дари хона лой мегӯянд. Мо Ҳошим Гадоро бузургманишу пурҳарф гуфта писанд намекунем, аз ҷумла худи ман ҳам баъзан аз ӯ мегурехтам. Чунки бо ӯ бисёр вохӯрдаем, зоҳиран аз худи мо фарқе надорад, ҳатто либосаш, ҳатто портфели кӯҳнааш. Вале вақте ки ман драмаи Ҳамлетро дар ватанаш ва бо

пешина
аз 213
навбатӣ