Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
забони модариаш тамошо кардам, дар тааҷҷуб беҳунаронаи америкоиҳо Ҳошим Гадо ва Ҳамлети ӯро азимтарин саҳнаву бузургтарин актёр ҷилва дод. Ҳошим Гадо ҳамчун актёр ҳазор бор аз актёрони америкоӣ боло аст.
Бозор Собир.
Мардуми ҷопон унвон надоранд, онҳо сарвати миллӣ доранд. Ҳошим Гадоев сарвати миллии халқи тоҷик аст. Агар иҷозат диҳед, мо, халқи рус, Ҳошим Гадоевро сарвати миллии худ низ эълон мекунем.
М. Чигир, Раиси Иттифоқи ходимони театрии собиқ СССР
ОҒОЗ
Пурсише, ки дар сарлавҳа омадааст, дер боз таҳиягари ин саҳифаро ба ташвиш овардааст. Ин ҷо манзур танҳо Ҳошим Гадо нест. Ҳошим Гадо баҳона аст. Мақсад он аст, ки дар масири задухӯрдҳову даргириҳои бунёдандоз, парешониву дарбадарӣ, кинаварзиву интиқомҷӯӣ, қимматии молу арзонии «муҳаббат» оё мо таъриху фарҳанги пурмояи худро аз ёд набурдаем? Оё имрӯз касе ҳаст, ки ба дӯкони китобфурӯшӣ дарояду китобе бихарад? Оё инсоне ҳаст, ки театрро ёд карда, дари онро кушода бошад? Оё фарде ҳаст, ки дар ғами фарзандони баруманди миллат дилро хун бикунад? Хулоса, сухани гуфтани зиёд аст.
ЧЕҲРАИ ҲУНАР
- Ҳошим Гадо кист?
Бо ин савол ба ҷаводухтаре, ки аз ҷумъабзори пойтахт бо як ҷуфт туфлии нав берун меомад ва аз харидаш гӯё ризо буд, рӯ овардем. - НОМИ МАН САБОҲАТ, дар иттиҳодияи «Гулдаст» кор мекунам. Ҳошим Гадо ҳунарпеша аст. Аммо ягон намоишномаашро тамошо накардаам. Ҳоло магар вақти ба театр рафтан аст? Як ба ин бозори машҳар нигоҳ кунед. Театри тайёр.
МАРДИ ДӮКОНДОРЕ, ки номи худро гуфтан нахост, ба ин пурсиш чунин ҷавоб дод:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё