Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳошим Гадо? Ҳа, ба наздикӣ ба воситаи телевизион кинои «Рустам ва Суҳроб»-ро намоиш доданд. Роли Суҳробро хеле хуб бозӣ мекунад. Дигар ролҳояшро намедонам.
КИЁМИДДИНИ ДОНИШҶӮ, ки дар бозори «Баракат» сигор мефурӯшад, бо қаҳр гуфт:
— Ҳошим Гадоро намедонам ва донистан ҳам намехоҳам.


НОМГӮИ НОПУРРАИ НАҚШАҲОИ БАРҶАСТАЕ, КИ ДАР САҲНАИ ТЕАТР ВА САФҲАИ КИНО ОФАРИДААСТ:
Содиқ аз «Суруди кӯҳсор»-и Ғ. Абдулло, Лолаев аз «Иродаи зан»-и А. Сидқӣ, Фердинанд аз «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер, Маркандал аз «Модарандар»-и Балзак, Хлестаков аз «Мураттиш»-и Гогол, Ҳамлет аз «Ҳамлет»-и Шекспир, Дон Жуан аз «Фончаҳои хурд»-и А.С. Пушкин, Абуалӣ ибни Сино аз «Ҷавонии Сино»-и Сотим Улуғзода, Несчастливцев аз «Ҷангал»-и Н. Островский, Иброҳимбек аз «Тӯфон»-и Ғ. Абдулло, Девона аз «Шаби гирифтани моҳ»-и М. Карим, Абдулатиф аз филми «Ситораи Улуғбек»
(«Узбекфилм»), Суҳроб аз филми «Рустам ва Суҳроб» («Тоҷикфилм»), Агат Мара аз филми «Набарди се шоҳ» (истеҳсоли Марокаш
– Итолиё – Испаниё – Амрико – Узбекистон), Гӯрак аз филми «Суғдиён» (истеҳсоли Алҷазоир – Узбекистон), Садриддин аз филми «Зане аз роҳи дур» («Тоҷикфилм»), Ғазан-хон аз филми «Шӯълаи гулханҳои хомӯш») («Озарбойҷонфилм») ва ғайраҳо.


ЧАНД ИҚТИБОС АЗ КИТОБҲО, МАҶАЛЛАВУ РӮЗНОМАҲО, НОМАҲО ВА ҚАТИБАҲО «Ҳунарпешаи саропо асаб ва эҳсос Ҳошим Гадоев..., ки ба ҳалли баҷуръатонаю пуршиддат майл дорад, дар офаридани образҳои Суҳроб, Дон Жуан, Темури ғоратгар меҳорати фавқулодда нишон дод».

О. Кайдалова «Анъана ва муосир»,
Москва, нашриёти «Искусство», соли 1977.

пешина
аз 213
навбатӣ