Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

АдабиётҶомеа
Аз аввал хондан

Санъаткори бузурги халқи тоҷик Ҳошим Гадоевро бо рӯзи камолоти эҷодияшон, бо 50-умин солгарди умрашон, бо сарвари ҳақиқии санъати театрии нимаи дуюми асри XX гардиданашон (дар нимаи якуми асри XX чунин сарвари бемислу монанд Қосимов буд) аз самими қалб табрик мегӯям.

Олим ва санъаткори ҳақиқӣ шудан ғайратнокии олӣ, меҳнатдӯстии ҷонкок, истеъдоду маърифатнокии баландтарин, садоқатмандии барҷастатарин ба касбу ҳунари худ, худқурбонкунӣ, кашшоқӣ, гуруснагӣ, эҳтиёҷмандӣ ба як бурда нон, ба либоси оддӣ, бехонагии диагениро талаб мекунад. Дар ҳама замонҳо, аз ҷумла дар даврони мо (гумон мекунам дар оянда ҳам) олим ва санъаткори боистеъдодтарин, эҷдкори бузурге ба мисли шумо дар зиндагии чорнии худ ҳеҷ гоҳ рӯзи некро, он тавре ки беистеъдодон, тамаъҷӯён, ғаммозон, хешу табордорон мебинанд, дида наметавонанд.

Бузургии шумо дар санъататон, дар истеъдодатон аст. Он корномаи рустамонаеро, ки шумо дар санъати театрӣ ва кинои советӣ дар солҳои инқироз ва таназзули ин санъатҳо дар солҳои 60-80-ум ба ҷо овардаед, таъриху маданияти тоҷик абадӣ дар хотир нигоҳ медорад.

Дар санъати тоҷик шумо мактаби бузурги худро ба вуҷуд овардед, ки он, аз як тараф, давоми манғикии таҷрибаи на он қадар бои Театри академи — драмавии ба номи Лоҳутӣ бошад, аз тарафи дигар, Москва, театрҳои одамшумули он ва таълим аз сарварони донишкадаҳои театрии он дар шукукуфарни мактабатон мадади ниҳоят калон расонданд. Шумо аз он зумраи санъаткорони нави тоҷик ҳастед, ки доимо дар ҷустуҷӯ ва такомули услуб ва равияҳои нав ва тоза мебошед. «Ҷуянда ёбанда аст», — мегуед ва ҳама вақт «девонавор» кофтукоби образ, характер симо, либос, декаратсия, равшанӣ, мусиқӣ, овоз, оҳанг, ҳаракат, имову ишора, нигоҳу назар, сукут-хулоса одаму одамгариро давом медиҳед. «Девонагии» шумо ба фақир бисёр ва бисёр маъқул аст, чунки он ҷоҳу мансаб, рутбаю мартаба, қасру кушк, дачаю истироҳатгоҳон эҳдо намекунад.

Дар санъат шумо он хизматеро ба ҷо овардед, ки ба мисли қаҳрамононатон абадиятатонро таъмин кардед. Шумо образҳои коньюктуравиро чашми дидан надоред ва ҳеҷ гоҳ дар театр ва кино онҳоро бозӣ накардаед. Шумо замонасоз нестед ва мувофиқи вазиши шамол амал намекунед. Шумо дар репертуари худ ба интихоби чунин песаҳо ва киносенарияҳо завқ ва майле доред, ки онҳо ба дарди тамошобинон дармон гарданд.

пешина
аз 213
навбатӣ