Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

либосҳоям паноҳ кардам, то аз гармии оташу бӯи газ каме ҳам бошад паноҳ ёбад. Хайрият оқибат газро хомӯш кардандӯ аз он ҷо баромадем...

  • Он одам пули ваъдакардаро дод?
  • Аз ҳамон ҷо баромадему ҳамаро фаромӯш кард!
  • Лаҳзаҳое дигаре ҳастанд, ки ҷон ба гарав гузошта бошед, хатари марг таҳдид карда бошад?
  • Он чӣ гуфтам муште аз хирвор буд. Чунин ҳодисаҳо хеле зиёданд ва имкон шавад бори дигар суҳбатро сари онҳо давом медиҳем.

Театри хирад. Ҳошим Гадо аз соли 1985 то имрӯз дар театри Лоҳутӣ ягон асари нав нагузоштааст. Чаро чунин истеъдод, чунин мактаби бузург истифода намешавад? Дар ин муддат ӯ метавонист дар театри тоҷик чандин асарҳои бузургро ба саҳна гузорад. Аммо афсус. Ҳатто на сафи спектаклҳояшро зиёд, балки кам ва ҳатто сабти баъзеи онҳоро нест кардаанд! Вале Ҳошим Гадо ором наистод, Зери ғояи умумии Театри хиради Ҳошим Гадо то алҳол асарҳои зеринро дарбар мегирад: «Ки ҳар?», «Туда + туда = ?» «Рама», «Аз чап, аз рост, молодец!», «Хашаротҳо»-и Ҳошим Гадо», «Микробҳо»-и Ҳошим Гадо», «Ҳазандаҳо»-и Ҳошим Гадо», «Чарандаҳо»-и Ҳошим Гадо», «Паррандаҳо»-и Ҳошим Гадо», «Саг, хурус, пишак»-и Ҳошим Гадо», «Маймунҳо»-и Ҳошим Гадо», «Ситораи номаълум», «Дар қатра баҳр», «Мусоркахур», «Ишқи гунг», «Тоба»- Ҳошим Гадо, «Уфффффффффф», «Хомӯшӣ», «Гапу, гапу, гап», «Хм...», дигар асарҳо аз қабили «Кӯдакӣ аз волидон мепурсад: «Оё ин ҷаҳон ғамхона аст», ки алҳол номҳои ширті доранд.

Дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон асарҳои ӯ «Рама», «Туда + туда = ?», «Дар қатра баҳр» бо иштироки донишҷӯён рӯи саҳна омаданд. Ин асарҳо аз рӯи мазмуну мундариҷа ва офариниш Ҳошим Гадои наверо ба мо муаррифӣ мекунанд. Агар гӯем, ки дар фаъолияти режиссуриаш ҷӯи ҷӯянда ин давраи нав аст, бояд дар баробари ин илова намоем: Ҳошим Гадо — нависанда, драматург, Ҳошим Гадо — устоди ҷӯянда, профессор. Дар ин намоишномаҳо нависандаи мазмуни асар, коргардон, рассом, коргар — худи Ҳошим Гадост. Чиҳози (декоратсияи) саҳнаро низ худаш аз ахлотудаҳо ва дигар ҷойҳо ҷамъ меорад. Ва пеш аз оғози ҳар намоишнома

пешина
аз 213
навбатӣ