Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз ҷонкандан монда шудаам. Чаро касе ба ин суолҳои ман ҷавоб намедиҳад?

Ҳавои сарди тирамоҳӣ мевазид. Берун баромада ба баргҳои зарди дарахте нигаристам, ки алвонҷ мехӯрд ва нияти афтидан доштанд. Худро ба онҳо муқоиса карда дарк намудам, ки имрӯз ё пагоҳ ман ҳам чун ин баргҳои заъфаронӣ аз шохаи умр канда шуда ба хок яксон мешаваm.

Чаро эй Замину Осмон шумо ин қадар масхарабозед? Чаро?

Баъди андешаҳои зиёд ба хулосае омадам, ки агар маро напурсида ба ин дунё оварда бошанд чӣ бояд кунам?

Бояд мубориза бубарам то аз ин зулмоти зиндагӣ ба берун бароям. Агар кӯшишҳо натиҷае надоданд, пас бояд бармаҳал тарқи ин дунё намуд?

На, на, на.

Боз ҳам мегӯям, ки тоқат + тоқат = мубориза.

Интизорӣ + мубориза = амал намудан.

Ман дар ҷойҳои хеш шабро шаб нагуфта, рӯзро рӯз нагуфта, ғами ҷону саломатиамро naxӯрда меҳнат кардам. Ба ивази ин меҳнатҳо ба ҷои раҳмат дашному лаънатҳои зиёд шунидам. Ин ҳама барои чӣ?..

Олиме нисбати олими дигар, ки аз олам гузашта буд чунин андеша намудааст. Санъат ин хирад аст, аммо набояд то ба куллан баланди ҷода барои чун баромаdӣ туро ҳамзамононат намефаҳманд. Маънии зиндагиро фаҳмонидан ба мардум кори саҳл нест...

Шумо ба ин гуфтаҳо чӣ ҷавоб дода метавонед.

Шояд ин андешаҳои олим дуруст бошанд, аммо ба андешаи Ҳошим Гадо ин мавзӯи баҳсталаб аст.

Суоле ба миён меояд, ки сабабаш дар чӣ бошад? Чунки ба ҳар як инсони ба дунё меомада гӯш намудан дуруст нест. Ҳар инсон ҳуқуқ дорад, ки ақидаи худро дошта бошад. Касе ҳақ надорад, ки дигаронро пурра гирифтори андешаҳои худ намояд. Шояд сабаби инро донистан хоҳед? Сабаб он, ки ҳар як инсон боре ба дунё меояд ва боре мемирад. Ақидаи худро чун қонун ба кассе бор намудан ин хатои ҷиддиест. Ақидаҳое,

пешина
аз 213
навбатӣ