Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

ки дурӯғ нестанд ва мардумро бе гумроҳӣ бурданашон мумкин бошад қабул кардан мешояд. Ин ҷо боз шояде дорад.

Модарҷон афсус мехӯрам, ки туро надидам. Аллагӯиҳоятро нашунидаму ёде надорам. Чандин сол аст, ки қабратро меҷӯем, аксатро мехоҳам лек намедонам. Туро чӣ тавр пайдо намоям. Афсус мехӯрам, ки хизмате накардаам бароят. Чӣ илоҷ, ки тақдири мани сағир ҳамин будааст. Лек офарандаам ҳаргиз туро фаромӯш намекунам. Худоё ба хотири раҳмону раҳиммат ҷойи модарамро ҷаннат гардон.

Асрори омадану рафтани ин балоҳониро на ту медониву на ман. Паноҳи ҳамаамон ба Худо. Омин.

Зиндагӣ фанду фиреб аст мегӯяд. Қанд ҳам хӯрдӣ дам мазан, фанд ҳам хӯрдӣ дам мазан. Ин маколро Ҳошим Гадо рад менамояд. Агар фандат намуданд инкор намо. Бикуш то минбаъд аз ёрон болотар бошӣ.

Соддагӣ бас аст.

Афсонашунавӣ басанда аст.

Дар қисми нави умрам барои худ дунёи наверо ихтиро мекунам. Чӣ ғам мехӯрӣ? Чӣ оҳу ваҳ мегӯӣ? Чӣ менолӣ? Аз ду сар ҷоят водии хомӯшон аст. Пас то нафаси охирин бояд ақидаам тағйир биёбад. Бисёр маталаб ба додааш шукр намо.

Ту, ман, вай ҳама дурӯғ мегӯем. Пас ин дунё дунёи дурӯғ аст. Чаро ҳама ба дурӯғ гуфтан одат намудаанд? Сабаби дурӯғгӯӣ дар чӣ бошад? Ҳама бояд сари ин масъала биандешем, ки дар ҳама асрҳо ба чӣ хотир дурӯғ гуфтаанд. Дар асри нави XXI ҳам ҳамон ҳолати дурӯғгӯӣ давом дорад.

Кам бихӯр то ғалат камтар шавад.

Решаи ғам ин аз ҳад зиёд хостан, бахил будан, ҳасад хӯрдан аст.

пешина
аз 213
навбатӣ