Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

одамон ин тавр сохта шудаанд. Дар охири умр бояд тағйир биёбам ва ба садоят роҳ надиҳам.
а) лақиданҳои бефоида дар кӯчаҳо бас!
б) то маҷбур нашавам бояд ҳарфе бигӯям.
Аз соддагӣ ҷабри зиёд кашидаам ва намехоҳам дигар ҳолатро аз сар гузаронам.

Яке бояд то ҷояшро дигаре бигирад. Ин қонуни нонавиштаи зиндагиро касе дигар карда наметавонад.
Инсони курсӣ ва мансабдор онро мемонад, ки оҳураш пур аз ҷав аст.
Оҳури пур аз ҷавро касе ба осонӣ додан намехоҳад. Аз ин рӯ байни онҳо ҳамеша талош аст ва гоҳҳо ин талошҳо бо ҷанг ба охир мерасад. Задухӯрдҳо асрҳо давом дорад. Ҳаёти пурошуби одамӣ чунин аст.

Мариз шиддати дарди худро аз дигарон бештар ҳис мекунад. На ҳама дард шифо меёбад. Барои он ки шифо биёбанд табиби хуб лозим аст. Куҷост табибе, ки ба дарди ман даво биёбад?

Дар зиндагӣ ба хулосае омадам, ки ҳар кас табиби дарди худ аст. Барои он ки бемор нашавем бояд пеш аз беморӣ роҳи онро бигирем. Пурхӯрӣ модари бемориҳост ва онҳое бештар бемор мешаванд, ки пурхӯранд. Умуман ҳама кори аз меъёр зиёд зарари худро дорад.
Сарвату мансаб нахоҳ, агар аз ӯҳдааш намебароӣ. Худро маҳоҳон вақте мебинӣ, луқма барои ту дастнорас аст. Ҳасуд махӯр ва ба будааш шукрона намо. Худ медонӣ, ки Искандари дунёгир бо дасти холӣ тарқи дунё намудааст. Чингизхон, Сталин, Ленин, Темурланг барин маъруфону дороёну қотилон аз дунё бо худ чизе набурдаанд. Пайсаеро бо худ набурдаанд ва ту ҳам дар қатори онҳо ҳастӣ. Якеро насиби кафану қабр карда бошад, дигаре ҳаминро ҳам тақдир насибаш накард. Бо ин гуфтаҳо мехоҳам гӯям, ки дунё вафо надорад. Ман аз худ норозиам. Ба ин норозигии худ ҷавоб ёфта наметавонам, зеро ақидаамро рӯи қоғаз оварда наметавонам.

Баъзеҳо андеша доранд, ки худро дарк намуданд. Ба андешаи ман аксарият то ҳол намедонанд, ки худ худро ам

пешина
аз 213
навбатӣ