Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

фаҳмидаанд. Нафаре мисли ҳайвони дарранда оби даҳонаш пош хӯрда ба ман гуфт:

  • Ман, ман, туро мисли панҷ панҷаам медонам. Оромона ҷавобаш додам, ки ман худро намедонам, ту аз куҷо маро медонӣ.

Ин аст яке аз паҳлӯҳои қафомондагии инсоният, ки худро ҳамадон мегирад, аммо дар асл чизеро намедонад. Худро надониста кӯшиши омӯхтани дигаронро мекунанд.

Шоҳи дарахтро бо мулоимӣ ҳам кунӣ ҳам мешавад. Чун сахт таконаш диҳӣ мешиканад.

Ҷангҳои дохилии Рим то ба куҷо оварда расонид. Брут, Қосий, Каска ва якчанд инқилобчиёни дигар якҷо шуда Юлий Сезарро ҳалал расонидаанд. Оқибат чӣ шуданд? Ҳақ будан ё набудани одамонро таърих муайян мекунад? Оқибат ҳамаро хок ба оғуши худ мегирад.

Ба он рақибоне, ки бештар ғайюрӣ мекунанд, кафони ин шав. Бимон онҳо бо ин муваффақиятҳояшон хурсандӣ бикунанд. Ин ғолибият чанде онҳоро ором мекунад ва ту метавонӣ оромона корҳоятро пеш бубарӣ. Онҳо рӯзе мағлуб шуда назди ту мӯҳтоҷ хоҳанд шуд.

Барои чӣ инсон дар аввали умраш — кӯдакиву ҷавонӣ бепарво аст?

Барои он ки ӯ аз пастиву баландии умр хабар надорад. Чун ба сараш зиндагӣ муште кӯфт, рақибонаш ҳалалаш расонданд, баъд зиндагии дӯзахона оғоз мешавад. Акнун дарк мекунад, ки зиндагӣ чист ва чӣ бояд кард. Агар дар ин мубориза ҳамроҳе дошта бошад, хуб, вагарна дар танҳоӣ мушкил мушкилтар мешавад. Ба навқадамон маслиҳат ҳамин аст.

  1. Тоқат + тоқат + тоқат
  2. Роҳи нав ҷустан
  3. Амал кардан
  4. Ҳамфикрро ҷустан
  5. Роҳи дурустро ҷустан
  6. Тоқат + интизорӣ + тоқат

Ҳамеша ба Худо такя кардӣ, ақалан дар ин роҳ дурӯғ магӯй, шайтонӣ макун.

пешина
аз 213
навбатӣ