Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ман ояндаи худро намедонам, ояндаи инсониятро аз куҷо донам?

Дуруғ болои дуруғ.

Дӯзд болои дӯзд.

Барои чӣ ҳама онро бад медиданд?
Барои он ки ҳамеша камбудиҳои дигаронро медид ва оинаро ба дасташон медод, то гоҳ-гоҳе дар оина ба худашон бингаранд.

Кулли одамон аз ҳақиқат меҳаросанд.

Бадбинӣ аз тарсӯӣ сар мезанад.

– Нобиға кист?
– Нобиға онест, ки ояндаро пешбинӣ карда, дарк мекунад. Ҳамин хислатҳои нобиға аст, ки ҳамсаронаш чашми диданаш надоранд ва кӯшиши хор намуданашро мекунанд. Аксари нобиғагонро сӯзонданд, ба дор овехтанд нотавонбинони асрашон.
Нобудкунии нобиғагон дар ягон аср хотима меёфта бошад?

Ӯ чӣ гуна инсон буд?
Ӯ инсоне буд, ки вақтро дӯст медошт ва эҳтиёткорона истифодааш мебурд. Медонист, ки вақт вақт надорад. Он ба қафо намегардад.

Майлаш, ҳар чӣ мехоҳед кардан гиред, вале ман дар ин бозиҳои шумо иштирок кардан намехоҳам.

Ту кистӣ?
– Ман ҳаҷ кас.

Бо хоксорӣ ба чашмони кӯр ва гӯшҳои кар нигарист.

Ӯ кӣ буд ё чӣ буд, касе намедонад.

пешина
аз 213
навбатӣ