Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар васфаш одамон чунон суханоне бофтаанд, ки ҳадду ҳудуд надорад. Ӯ ҳам таъриф ва ҳам ғайбатро мешунид, аммо ҳамеша бо хомӯшӣ ҷавоб медод. Ӯ чунин муносибатро аз раҳмдилии худ нисбати атрофиён шарҳ медод.

Замоне буд, ки мардумон ҷамъ меомаданд ва нотиқ барои онҳо мавиза мехонд. Боре нотиқ дар ҷамъомади кӯрон доир ба кӯрии чашмон баромад кард. Ақидаи кӯронро напурсида аз толор баромада рафт. Суоле ба миён меояд, ки чаро андешаи кӯронро напурсид? Шояд гумон дошт, ки кӯрон ақида надоранд? Хонандагони Ҳошим Гадо чӣ андеша доранд?

Гӯяндаҳо бешуморанд, аммо шунавандагони бештар каранд.

Зиндагӣ на кисту на чист!
Зистан худ қаҳрамонист.

Агар ӯ дил медошт, ҳеҷ гоҳ тапиши ҳақиқӣ надошт. Дили ӯ дили чандинҳоро пора карда буд. Худо раҳм хӯрд, ки дили чандинҳо баъд аз мурдани Ӯ аз порашавӣ эмин монданд.

Суханаш нешдор бошад ҳам, сухани ҳақ буд.

Талх, тез вале ҳақиқат аст.

Сустиродаҳо ҳеҷ гоҳ қуллаи баландро фатҳ намекунанд.

Камгапон онҳоеанд, ки дар сарашон саводе доранд. Онҳо ба нешҳои рақибон тоб оварда меҳнат мекунанд. Онҳо албатта ба қуллаҳои мурод мерасанд.

Аксарият аз субҳ то шом дар давутозанд. Сабаб он аст, ки меъдаашон талаби хӯрок мекунад ва маҷбуранд ҳаракат намоянд.

Нафаре бисёр таънаам зад, ки аз ман ҳаргиз шахси хуб намебарояд. Ман чизе нагуфтам, зеро даврашон омадааст. Бигзор вақт муайян намояд, ки кӣ ҳақ аст ва кӣ ноҳақ.

пешина
аз 213
навбатӣ