Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз дӯсти нав ҳазар бикун, зеро онро насанҷидаиву намедонӣ аш.

Дунёи хаёлҳои рангинат тамом шуд. Дар асри нав бе хаёл бояд зист.

Дунёи навро қабул карда тавонӣ хуб, вагарна хоҳӣ мурд.

Дурӯғ болои дурӯғ.

Пул аз даст ба даст меравад.

Бешуморро дидан кори муқаррарӣ аст.

Дар қабристоне чунин суханҳоро хондам. «Мо будем мисли шумо, шумо низ мешавед мисли мо».

Хиёнат, хиёнат таваллуд мекунад.

Аз гуноҳ гуноҳ мебарояд.

Аз зулм зулм мерӯяд.

Қувваи қонун ё қувваи пул пурқувваттар аст?
Кадоме ғалаба мекарда бошад!

Боии сарватманд бидонад, ки луқмаи даҳони камбағалонро гирифтааст. Ягон рӯзу соате фаро мерасад, ки аз биниашон ин ҳама мебарояд. Ӯ ҳамаро мебинад ва ресмонатро сар медиҳад то замони даркорӣ. Чун дид, ки имонатро фурӯхтӣ, аз ҳадди одамӣ баромардӣ оҳиста ва нобахшиданӣ танобатро мекашад. Аз ин азоб, ки тарсӣ, Худоро фаромӯш макун ва аз ҳад магузар. Худо меҳрубон ҳам бошад, қаҳри сахт ҳам дорад.

Ду майзада вақте шишаҳоро холӣ намуданд яке аз дигаре пурсид:
– Ту дунёро чӣ гуна дарёфтӣ?
– Агар уқёнусу баҳр ҳама аз шароб мебуд дунё биҳишт мегашт. Дунё маъта надорад.
– Неее, ман ба фикри ту розӣ нестам. Канӣ исбот намо.

пешина
аз 213
навбатӣ